Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ» конфронс доир шуд
ДУШАНБЕ, 13.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар конфронс ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ перомуни хизматҳои шоистаи Сарвари давлат дар рушди фарҳанги миллӣ ибрози назар намуда, тазаккур дод, ки маҳз бо ибтикори Пешвои миллат муассисаҳаи муҳташами фарҳангӣ, аз қабили Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтанд. Арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бешубҳа, аз сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.
«Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми давлатӣ гирифтани ансамблҳои «Шашмақом», «Фалак», таҷлили ҳамасола ва бошукӯҳи Иди байналмилалии Наврӯз, ҷашнҳои Меҳргон, Сада, Сайри гули лола, инчунин Рӯзи Шашмақом, Рӯзи Фалак, Рӯзи Китоб, дастгирии чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ нақши калидӣ бозиданду мебозанд. Маҳз бо ибтикори Сарвари давлат дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода 26 июни соли 2011 толори нави консертӣ ва сози мусиқии арғунун ба истифода дода шуданд. Дар ин барномаи фарҳангӣ аввалин маротиба Суруди миллии Тоҷикистон бо ҳамовозии сози арғунун садо дод. Ин амр маънои онро дорад, ки минбаъд бо ин сози бузург на танҳо мусиқии классикони ҷаҳонӣ, балки суруду таронаҳои тоҷикӣ низ иҷро мегарданд ва навои рӯҳафзои сози арғунун дар фазои фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол танинандоз хоҳад гардид»,- гуфт Муҳриддин Низомӣ.
Номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи маҳорати актёрии донишкада Муҳаммадулло Табаров дар мавзӯи «Симои Пешвои миллат дар драматургияи миллӣ» сухан гуфта, иброз дошт, ки таърихи миллату давлатдории навини мо бо исму корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд аст. Агар бозтоби чеҳраи ин сиёсатмадори муаззам дар адабиёт, кинематография, санъати мусиқӣ, тасвирӣ, ороишиву амалӣ ва суратгирии бадеӣ то андозае амалӣ шуда бошад, дар театр ин раванд акнун оғоз ёфта истодааст.
Рӯи саҳна овардани симои Сарвари давлат аз ходимони театр масъулияти ҷиддӣ талаб менамояд.
Ба гуфтаи Маҳмадулло Табаров, ҳаёт ва фаъолияти сиёсии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, идеяҳои наҷиб ва талошҳои хастанопазирашон дар роҳи шукуфоии мамлакат аз мавзӯъҳое мебошанд, ки аз як ҷиҳат барои драматургия ва театр нав ва аз ҷониби дигар, барои ҳамагон хеле ҷолиб мебошанд. Ҳоло мо дар саргаҳи ин раванди барои худшиносии миллиамон муҳим қарор дорем. Бо зикри дастовардҳои ноилшуда изҳори умедворӣ менамоем, ки моро дар ин самт корҳои наҷиб дар пешанд.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудоба ва шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло зикр намуданд, ки рушду инкишофи тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ, техникию саноатии имрӯзаи мамлакат аз фаъолияти гуногунҷанбаи ин абармарди арсаи сиёсат ибтидо мегиранд. Зеро маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот диҳанд, ҷон дар кафи даст душманонро ба оғӯш кашанд, ҷинояткоронро авф намоянд, зиёда аз як миллион нафар гурезаю муҳоҷири иҷбориро ба Ватан баргардонанд, аркони давлатдориро аз нав бунёд ва эҳё созанд.
Дар доираи конфронси ҷумҳуриявӣ бо унвони «Нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ» шеърҳои «Ватан», «Пешвои миллат», «Душанбе», «Парчами мо», «Ӯ ҷони миллат аст» ва рақсҳои ҷолиб дар иҷрои устодону донишҷӯён манзури ҳозирин гардонида шуданд.










БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд






