Дар Хатлон доир ба сифатҳои хоси парвариши картошкаи барвақтӣ машварат доир мегардад
ДУШАНБЕ, 26.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритус бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар мавзӯи «Хусусиятҳои хоси парвариши картошкаи барвақтӣ дар шароити вилояти Хатлон» машварат гузаронида мешавад.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар машварат Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, муовини аввали раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода, олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ ва кишоварзони вилояти Хатлон иштирок менамоянд.
Иштирокдорони машварат аз хоҷагиҳои деҳқонии «Мирвайс Қирон» ва «Асадбек»-и Ҷамоати деҳоти Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён дидан намуда, бо ҷараёни кишти картошка бо усули дастӣ ва истифода аз техникаи муосир шинос мешаванд.
Ҳамчунин дар ҷараёни сафар аз майдони кишти пиёзи барвақтӣ (тухмӣ) дар хоҷагии деҳқонии «Рустам»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов дидан намуда, бо парвариши сирпиёз, бехпиёз, сабзӣ, турб, юнучқа, кишти картошка дар байни заминҳои боғ дар хоҷагии деҳқонии «Сайфулло» -и Ҷамоати деҳоти Тахти «Сангин», ҷамъоварии ҳосили картошка аз кишти такрорӣ ва кишти картошкаи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии «Қандов»-и Ҷамоати деҳоти Х. Холматови ноҳияи Шаҳритус бо истифода аз техникаи муосир шинос мешаванд.
Сипас аз ҷониби олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ доир ба парвариш ва кишти картошкаи барвақтӣ машварат доир гардида, ба кишоварзон тавсияҳо дода мешаванд.








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






