Дар назди Донишгоҳи давлатии Данғара гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот ба фаъолият оғоз намуд

Ноябрь 26, 2020 10:56

ДУШАНБЕ, 26.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Донишгоҳи давлатии Данғара гармхонаи таълимӣ-тренингӣ ва инноватсионии парвариши сабзавот бо усули қатрагӣ ба фаъолият оғоз намуд. 

Тавре  ёвари ректор ва мудири бахши  робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад  Шораҳимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, гармхонаи таълимӣ-тренингӣ ва инноватсионии парвариши сабзавот бо усули қатрагӣ  таълимӣ-таҷрибавӣ буда, дар он асосан маҳсулот бо усули қатрагӣ нашъунамо меёбанд ва сабзавоти помидору бодиринг истеҳсол  гардида, ҳамзамон ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба ин таҷриба шинос мешаванд.

Дар ин гармхона тибқи мушоҳидаҳо имконияти ба даст овардани ҳосили хуб мавҷуд аст. Тавре омӯзгорон ва мутахассисони соҳа изҳор доштанд, акнун донишҷӯёни факултети Агробиология, стандартизатсия ва тибби байтории донишгоҳи мазкур ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ фаро гирифта шуда, ояндаи наздик дар ин гармхона парвариши ҳамагуна сабзавот ва гулҳои ороишӣ ба роҳ монда мешавад. Масоҳати умумии гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули қатрагӣ 0,2 гектарро ташкил  медиҳад.

Тибқи иттилои масъулин, маблағи лоиҳавии гармхонаи мазкур 135 ҳазор  сомониро ташкил дода, он аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии озуқаворӣ  (СУО) маблағгузорӣ шудааст.

Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Данғара ба масъалаи омода намудани мутахассисони соҳавӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, дар дохили гармхона бо ҷалби кишоварзони ботаҷриба ба донишҷӯён нозукиҳои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ бо усули қатрагӣ омӯзонида мешаванд. Гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули қатрагӣ бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ дорои имкони хуб мебошад.

Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара профессор Нуралӣ Шоҳиён  аз таҳким ёфтани фаъолияти гармхона изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дуруст ба роҳ мондани парвариши маҳсулот ва ба даст овардани таҷрибаҳои нав ҷиҳати рӯёнидани  ҳосили фаровон ба масъулини факултети Агробиология, стандартизатсия ва тибби байторӣ дастуру ҳидоятҳои судманд дод.

Ноябрь 26, 2020 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд