Дар Пекин Рӯзи Президент ва Парчами давлатии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд

Ноябрь 25, 2020 15:10

ДУШАНБЕ, 25.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Пекин Сафорати Тоҷикистон дар Чин дар якҷоягӣ бо Бунёди байналмилалии сулҳи Чин бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами давлатии Тоҷикистон таҳти унвони «Дӯстии халқҳо-омили пойдории сулҳ дар ҷаҳон» чорабинии идонаи фарҳангӣ баргузор намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар остонаи чорабинии идона Сафири Тоҷикистон дар Чин Зоҳир Саидзода ва Раиси Бунёди умумиҷаҳонии сулҳи Чин Ли Руохунг аз Осорхонаи сулҳ боздид намуда, баъдан зимни мулоқоти дуҷониба масъалаҳои густариши ҳамкориҳои фарҳангии тарафайнро дар ҳошияи ташаббуси чинии «Камарбанд ва Роҳ», ҳамчунин давраи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар солҳои 2020-2021 ва 30-солагии Рӯзи истиқлолияти кишварамон баррасӣ карданд.

Дар ҳошияи чорабинӣ, ҳамчунин дар саҳни Боғи Бунёди умумиҷаҳонии сулҳи Чин, рӯи тахтасанг лавҳаи «Паёми сулҳ»-и роҳбари намояндагии дипломатӣ гузошта шуд, ки дар он бо забонҳои чиниву англисӣ зикр шудааст: «Ваҳдати миллӣ асоси заминавии сулҳ дар Тоҷикистон аст, ки поягузори он Президент Эмомалӣ Раҳмон аст. Танҳо дӯстии халқҳо метавонад омили пойдории сулҳ дар ҷаҳон бошад».

Дар қисмати расмии чорабинӣ Сафири Тоҷикистон Зоҳир Саидзода зимни суханронии худ изҳор дошт, ки 28 соли охир Тоҷикистону Чин ҳамчун кишварҳои дӯсту ҳамсоя ва шарикони стратегӣ мунтазам робитаҳои судманди дуҷониба ва бисёрҷонибаро таҳким мебахшанд. Ба густаришу  таҳкими равобити мо муносибати дӯстонаи шахсии роҳбарони олимақоми ду кишвари ҳамсоя — Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Чин Си Ҷинпин таъсири амиқ мегузоранд.

Ба андешаи Сафир, ҷашни фархунда — Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ нишонае аз қадрдонии миллати мо нисбат ба Пешвои худ ва  ваҳдату якпорчагӣ ва рамзи муттаҳидии тамоми мардум дар партави Парчами давлатӣ мебошад. Ҷавонону наврасони саодатманд вазифадоранд, ки ба ин муқаддасоти миллӣ эҳтиром гузоранд, онҳоро ҳифз кунанд ва ҳамчун нерӯи созанда ва пуриқтидори ҷомеа барои амалӣ намудани нақшаҳои муҳим ва дурнамои рушди кишварамон саҳми босазои худро гузоранд.

Дар ин росто, Сафир таъкид кард, ки донишҷӯёни тоҷики муҳассили мактабҳои олии Чин  бояд бо истифода аз беҳтарин имкониятҳои барояшон  фароҳам овардашуда тамоми нозукиҳои касбу ихтисосҳои интихобкардаашонро дар ин кишвар аз худ намоянд, доираи ҷаҳонбинии худро васеъ гардонанд, забон ва фарҳанги Чинро барои истифода дар ҳаёт ва фаъолияти минбаъдаи хеш амиқ омӯзанд, рафтору кирдори некро пеш гиранд. Ҷавонону наврасони тоҷикро лозим аст, ки дар ин замони ҳассос, дар партави сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомоти созандаро пеша намуда, ба ҳар гуна фиребу найранг ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ рӯй наоваранд. Ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои Ватану сарзаминамон хизмат намоянд.

Сафир таъкид кард, ки дар Чин ва дигар кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистон ва миллати тоҷикро ба таври шоиста  муаррифӣ  кардан вазифаи ҳар яки мост.

Раиси Бунёди умумиҷаҳонии сулҳи Чин Ли Руохунг низ зимни суханронии худ ба зарурати густариши ҳарчӣ бештари ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Чин таъкид намуда, иттилоъ дод, ки Сафорати  Тоҷикистон ва  Бунёди сулҳ ба тавоқуф расиданд, ки дар ин самт ҳамкориҳоро пурзӯр хоҳанд кард.

Муҳассили курси аввали Донишгоҳи Пекин Гуландом Маҳмудова ба ҳайси намояндаи донишҷӯёни тоҷикистонии Чин дар бораи Рӯзи Президент ва Парчами давлатии Тоҷикистон андешаҳои ҷолиб баён намуда, изҳор дошт, ки ҷавонон пайравони Пешвои миллат мебошанд.

Дар анҷоми қисмати расмӣ дар экрани бузург намоиши филми мустанади Телевизиони “Сафина” дар бораи таърихи Рӯзи Президент ва қабули Парчами давлатии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.

Ногуфта намонад, ки дар долонҳои чорабинӣ ҳамчунин намоиши асарҳои рассоми  тоҷик Ғафур Ҷӯраев ва ҳамтоёни чинии ӯ Чэн Тсзян ва Ян Яя доир карда шуда, дар як шафати он китобу албомҳои рангаву мусаввар дар бораи Президент, Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуданд.

Дар қисмати консертии чорибинӣ ҳамчун пайванди дӯстӣ ва намунаи беҳтарини гуфтугӯи фарҳангии Тоҷикистону Чин аз ҷониби  овозхони чинӣ Мяо Лифанг ва сарояндаи шинохтаи тоҷиктабори Чин Охунӣ Давлатбек  таронаҳои тоҷикию чинӣ садо доданд.

Ноябрь 25, 2020 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакатро матраҳ намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ ва инноватсияро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳаштуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳднома оид ба ҳампаймонӣ муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав мебарорад»
Донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия таҳсил доранд, даъват шуданд, ки илм омӯзанд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Намояндаи Тоҷикистон дар машваратҳои ғайрирасмӣ дар сатҳи сафирон оид ба Саммити Оянда иштирок намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҳамоиш бахшида ба раёсати Қазоқистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Ҷавонон дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд
Дар Ашқобод ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда баррасӣ шуд