Дар Россия ва Тоҷикистон мехоҳанд кори «фосилавӣ» -ро қонунӣ ва ҷузъиёти онро мушаххас кунанд

Ноябрь 27, 2020 10:56

ДУШАНБЕ, 27.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Думаи Давлатии Россия дар хониши дуюм тағйирот ба Кодекси меҳнатро қабул кард, ки кори фосилавиро танзим мекунад. Ин санад то хониши асосӣ ба таври ҷиддӣ ислоҳ шуда буд. Ва акнун, гуфт яке аз муаллифони лоиҳа, раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин, ҳуқуқи чунин корманд то ҳадди аксар муҳофизат карда мешавад. Пеш аз ҳама, шахсоне, ки ба таври «фосилавӣ» кор мекунанд, кафолатҳои иловагӣ оид ба пардохти музди кор ба даст меоранд, менависад 25 ноябр.

«Пандемияи сирояти коронавируси нав боиси миқёсан густариш ёфтани кори «фосилавӣ» гардид, — хотиррасон кард Вячеслав Володин ба хабарнигорон дар робита ба қабули лоиҳа. — Ҳамзамон ин ҳолат камбудиҳои қонунгузориро ошкор сохт. Аз ҷумла, дар бахши навъҳои шуғл, муайян кардани вақти корӣ ва вақти истироҳат».

Аз ин рӯ, лоиҳаи қонун дар бораи кори “фосилавӣ» пешниҳод карда шуд, ки муаллифони он вакилон ва сенаторҳо бо роҳбарии раисони ҳарду палатаи парлумони Россия буданд. Дар сурати қабул шудан, қонун аз 1 январи соли 2021 эътибор пайдо мекунад. Ва барои он ки қонун аз ҳамин сана самаранок кор кунад, қабл аз хониши ниҳоӣ, вакилон қоидаҳои навро бо девони вазирон, корфармоён, иттифоқҳои касаба ва коршиносон муфассал муҳокима карданд. Ба назар гирифтани фикри ҳама ҷонибҳои манфиатдор муҳим буд, зеро қонуни нав ба миллионҳо шаҳрвандон дахл дорад, таъкид кард раиси палатаи поёнӣ.

«Ба Думаи давлатӣ тақрибан дусад ислоҳ ва қариб сад муроҷиатнома ворид шуд», — иброз намуд Володин. Ва ҳангоми интихоби пешниҳодҳои арзишманд барои коркарди иловагӣ парламент, ба гуфтаи ӯ, ба таҷрибаи амалии кори фосилавӣ, ки аз оғози пандемия пайдо шуд, такя кард. Дар натиҷа 16 ислоҳот дар хониши асосӣ тасдиқ шуд.

Яке аз меъёрҳои асосии лоиҳаи навшудаи қонун — ин ворид намудани кафолатҳои иловагӣ оид ба пардохти музди меҳнат мебошад. Аз ҷумла, аз ҷониби корманд иҷро шудани вазифаҳояш ба таври фосилавӣ наметавонад  асос барои кам кардани музди меҳнати ӯ гардад.

Дар муқоиса бо хониши аввал вакилон худи мафҳуми кори фосилавиро мушаххас карданд. Он се навъ хоҳад буд. Якум, ин кори доимии фосилавӣ. Дуюм, ин шуғли омехта — вақте ки корманд қисман дар идора кор мекунад. Ва намуди сеюм кори муваққатии фосилавӣ мебошад, ки корфармо бо ин ва ё он сабаб кормандро муваққатан ба кори берун аз идора табдил мекунад. Масалан, ин метавонад бо қарори худи корманд сурат бигирад ва ё бо сабаби ба рухсатӣ рафтани корманд ҷиҳати нигоҳубини кӯдак, шарҳ дод ба ҳамкасбон ҳаммуаллифи Володин, муовини якуми роҳбари фраксияи «Единая Россия» Андрей Исаев. Дар ин ҷо як нозукӣ аст ва он маҳдуд сохтани муҳлати ҳадди баланди муваққатан ба кори фосилавӣ табдил намудан мебошад — чунин муҳлат набояд аз шаш моҳ зиёд бошад.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, Тоҷикистон низ мехоҳад кори фосилавиро қонунӣ ва ҷузъиёти онро мушаххас намояд. 19 октябр ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор гардид ва зимни он вакилон иловаҳоро ба Қонун «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» баррасӣ карданд. Маълум шуд, ки дар ҷаласа тасмим гирифта шудааст, ки ба якчанд  қонунҳо тағйирот ворид карда шавад, аз ҷумла маҳфуми “кори фосилавӣ” ворид карда шавад.

Бинобар ин, ба моддаи 1-и Қонун «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» сархати нав илова карда шуд, ки муносиботи вобаста ба татбиқи ҷараёни меҳнатиро берун аз маҳалли корфармо бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар раванди кор танзим мекунад.

Илова бар ин, барои такмил додани моддаи 4 қонуни амалкунанда, дар қисми дуюми лоиҳаи қонун сархати нав илова карда шуд.

Мутобиқи тағйиру иловаҳо, кормандоне, ки ба таври фосилавӣ фаъолияти худро иҷро мекунанд, инчунин ба гурӯҳи аҳолии машғул ба кор баробар карда мешаванд. Ин чунин маъно дорад, ки дар оянда фаъолияти меҳнатии онҳоро Кодекси меҳнати Тоҷикистон муайян мекунад.

АКС аз бойгонӣ

Ноябрь 27, 2020 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид