Дар Тоҷикистон дар даҳ моҳ маблағи аз ҳисоби содироти мол бадастомада 1 миллиарду 253,1 миллион долларро ташкил намуд

Ноябрь 26, 2020 12:30

ДУШАНБЕ, 26.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар даҳ моҳи соли равон маблағи аз ҳисоби содироти мол бадастомада 1 миллиарду 253,1 миллион долларро ташкил намуд, ки нисбат ба моҳҳои январ-октябри соли гузашта 30,4% зиёдтар аст, хабар медиҳад «Авесто» бо истинод ба Вазорати иқтисод рушд ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ин давра ҷумҳурӣ асосан сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, металлҳо, маҳсулоти минералӣ — семент, маъдан, ангишт, неруи барқ, масолеҳи нассоҷӣ, металлҳои ғайри қиматбаҳо ва маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшударо содир намудааст.

Воридот маблағи беш аз 2,5 миллиард долларро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-октябри 2019 6,3% камтар аст.

Тоҷикистон молҳоро асосан аз Россия, Қазоқистон ва Чин ворид кардааст ва дар маҷмӯъ, ҷумҳурӣ бо 108 кишвар, аз ҷумла 10 кишвари ИДМ робитаҳои тиҷоратии хориҷӣ дорад.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ Россия (804,4 миллион доллар), Қазоқистон (713,5 миллион доллар), Швейтсария (693,9 миллион доллар), Чин (400,7 миллион доллар), Ӯзбекистон (беш аз 272,6 миллион доллар), Туркия (беш аз 265,1 миллион доллар) буданд.

Тибқи натиҷаҳои даҳ моҳи соли равон, гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2019  3,3% афзудааст.

                                                                                             АКС аз бойгонӣ

Ноябрь 26, 2020 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд