Дар Тоҷикобод оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати занон конференсияи амалӣ доир гардид

Ноябрь 17, 2020 11:47

ТОҶИКОБОД, 17.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори бахши  фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки мутахассисони  бахши кор бо занон ва оилаи  назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, занони фаъолу ҷавондухтарон, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои деҳот дар мавзӯи «Баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занон» конференсияи амалӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар конференсияи мазкур  сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳия Файзинисо Абдусатторова доир ба нақши занон дар  ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ дар мисоли фаъолияти босамари бонувони фаъоли  ноҳияи Тоҷикобод, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Меҳринисо Гадозода дар мавзӯи «Баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занону духтарон» ва  мудири бахши дин ва  танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроия Хайрулло Миршоев, мудири  маориф Саидбурҳон Мансуров,  роҳбари Маркази пешгирии бемориҳои СПИД Маҳмуд Олимов ва як зумра раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия доир ба ҷараёни иҷрои конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва якчанд масъалаҳои муҳими рӯз дар самти кор бо занон ва оила мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Ҳамчунин дар ин  конференсия аз ҷониби масъулин ва занони фаъоли ноҳия  якчанд мушкилоту норасоиҳо дар самти таълиму тарбияи насли наврас, маърифати ҳуқуқии духтарону занон, риояи танзими анъана ва ҷашну маросим, сарулибоси миллӣ, роҳ надодан ба тамоюлҳои бегонапарастӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО,  СOVID-19 ва дигар бемориҳои гузаранда ва  дигар масоили мубрами рӯз  мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

 

Ноябрь 17, 2020 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд