Дар Вазорати корҳои дохилӣ гурӯҳи корӣ оид ба пешгирии ҷинояткории ноболиғон таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 26.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Оид ба амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020 «Дар бораи Барномаи миллии пешгирии ҷинояткории ноболиғон барои солҳои 2020-2024» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ оид ба пешгирии ҷинояткории ноболиғон таъсис дода шуд.
Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, молия, фарҳанг, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Прокуратураи генералӣ, суд, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Мансур Бухоризода дар мавзӯи «Пешниҳоди мутахассис баҳри амалӣ намудани «Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024» иброз дошт, ки дар асоси банди 1 таъсиси гурӯҳи кории байниидоравӣ ба уҳдаи ин вазорат вогузор карда шудааст.
Ҳадаф аз татбиқи талаботи барномаи мазкур ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани қонунгузорӣ ва фаъолияти амалии субъектҳои дахлдор дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон мебошад.
Ҳамчунин ин барнома равиши мусбати таъмини кумак, амният ва захираҳоро барои ноболиғон ҷиҳати пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ фаро мегирад.








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






