ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Ҳисор қариб 1000 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуданд

Ноябрь 27, 2020 10:45

ДУШАНБЕ, 27.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави омодагӣ ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабзу хуррам гардонидани маҳали зист дар шаҳри Ҳисор мавсими  сабзазоркунӣ ва ниҳолшинонӣ оғоз ёфта, бо суръат идома дорад. Дар ҷараёни он қариб 1000 бех  дарахтони ҳамешасабз ва  сояафкан шинонида шуданд.

Дар маъракаи сабзазоркунӣ ва ниҳолшинонӣ, ки ба сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф мусоидат менамояд,  кормандони мақомоти шаҳрӣ, аз қабили кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист, ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр фаъолона иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории маъракаи мазкур-ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр мебошад.

Ноябрь 27, 2020 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Яхобро пас аз рехтани барги дарахтон дар моҳҳои декабр — феврал ду маротиба мондан зарур аст
ДАРАХТ БИНШОН! Дар корхонаи «Тоҷикниҳолпарвар» беш аз 811 ҳазор бех ниҳолҳо барои фурӯш омода карда шудаанд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Қалъаи Хуҷанд маъракаи ниҳолшинонӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Боғи «Сомониён»-и шаҳри Кӯлоб маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ба деҳқонон корҳои яхобмонии замин ва буриши дарахтон фаҳмонида шуданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар мавзеи «Чойхонаи миллӣ»-и Ҳисор беш аз 500 бех ниҳоли дарахтони сояафкан ва ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН. Дар мавзеи партовгоҳи ҷумҳуриявии заҳрхимикатҳо дар Вахш беш аз 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ДУШАНБЕРО БА ШАҲРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ! Дар пойтахт 263 644 бех ниҳолҳои ороишию сояафкан шинонида мешаванд
Дар мавзеи оромгоҳи Лучоб беш аз 800 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
ДУШАНБЕРО БА ШАҲРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ. Дар «Боғи ҷавонон» 200 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Коршинос Ҳасан Асоев: «Таъсири ҳавои номусоид ба дарахтони навъҳои маҳаллӣ камтар мерасад»
Имсол дар Ванҷ дар 15 гектар боғи нав бунёд карда шуд

Маводҳои таҳлилӣ