ДАРАХТ БИНШОН! Дар вилояти Хатлон 418 ҳазор бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида мешаванд

Ноябрь 23, 2020 09:09

 ДУШАНБЕ, 23.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Тибқи амри раиси вилояти Хатлон аз 20 ноябри соли равон Ситод оид ба назорати ниҳолшинонӣ ва тасдиқи нақшаи ниҳолшинонӣ, сабзазоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист барои солҳои 2020-2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба тасвиб расид. Тибқи супориши ин ситод дар вилоят шинонидани 418 ҳазор бех дарахтони ороишӣ, сояафкан ва ҳамешасабз, инчунин кишти майсаи ҳамешасабз ба масоҳати умумии 300 ҳазор метри мураббаъ дар назар аст. Инчунин дар ин мавсим шинонидани 9 миллиону 952 ҳазор гулу гулбутта, 2,6 миллион адад лола, 710 ҳазор адад гули садбарг, 6,6 миллион адад гулҳои мавсимӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Дар робита ба таъсиси ситод 21 ноябр бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар гулгашти майдони «70-солагии водии Вахш»-и шаҳри Бохтар беш аз 100 адад дарахтони нодири ороишӣ ва сояафкан шинонида шуданд.

Ҳамчунин дар майдони «Ваҳдати миллӣ», атрофи осорхонаи «Бибихонум», майдони Маркази ҷавонон, хиёбони Ваҳдати шаҳри Бохтар 620 бех ниҳолҳои камназири можевелник, дарахти ақоқиё (акатсия), магнолия, каталпа, арча, санавбар, сарв (кипарис), малуси сурх ва сӯзанбарг шинонида шуданд. Ин ниҳолҳо ва дарахтони чандсола аз парваришгоҳҳои ниҳолҳои ватанӣ ва кишварҳои аврупоии Испания, Белгия, Италия, Сербия, Голландия харидорӣ гардидаанд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати нигоҳдории дарахтони нодири ороишӣ, кишти алафҳои ҳамешасабз ва гулҳо дар майдони «70-солагии водии Вахш» ва шинонидани 100 ҳазор адад лолаи хушранг, вусъати корҳои хуррамгардонӣ дар маркази маъмурии вилоят ба масъулони шаҳрдорӣ дастур доданд.

Бо иштироки раиси вилоят дар деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Кӯшониён низ маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид. Дар ин мавзеъ сокинони маҳаллӣ беш аз 400 бех ниҳоли можевелник шинониданд.

 

Ноябрь 23, 2020 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд