Доир ба таҷдиду навсозии лоиҳаи Боғи «Парчами миллӣ» ва Боғи «Истиқлол» машварати корӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 11.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо роҳбарияти Вазорати фарҳанг, Осорхонаи миллӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, мутахассисони соҳаи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, аъзои Шўро оид ба ҳифз, истифода ва мубодилаи байналмилалии сарватҳои таърихию фарҳангӣ машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҷдиду навсозии Боғи «Парчами миллӣ» ва Боғи «Истиқлол» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иштирокчиёни машварат лоиҳаҳои таҷдиду навсозии Боғи «Парчами миллӣ» ва Боғи «Истиқлол» -ро ки Академияи мусаввирӣ ва Иттифоқи расомон, дар ҳамкорӣ бо олимони Академияи миллии илмҳо таҳия кардаанд, муҳокима намуда, барои боз ҳам мукаммал гардидани лоиҳаҳо таклифҳои судбахш манзур намуданд.
Ҳамзамон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода андешаҳои худро вобаста ба лоиҳаҳо изҳор дошт.
-Муҷассамаҳои шахсиятҳо ва лавҳаҳои тасвирии таърихӣ, ки дар Боғи «Парчами миллӣ» ва Боғи «Истиқлол» насб карда мешаванд, бояд таҷассумгари таърихи тамаддунофари миллати тоҷик аз дирўз то имрўз бошанд, -таъкид намуд А. Раҳмонзода. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати такмили минбаъдаи лоиҳаҳо ба муаллифон дастурҳои иловагӣ дода шуданд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






