Духтарони дастаи футболи «Хатлон» соҳиби медалҳои тиллои Чемпионати Тоҷикистон гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Баъди пирӯзии дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни духтарони то 17-сола ба анҷом расид. Дар натиҷа медалҳои тиллоро дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ба даст оварда, медали «нуқра» ба дастаи SSHFKP аз Суғд ва медалҳои биринҷӣ ба дастаи «Хосилот»-и ноҳияи Фархор насиб гардиданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мусобиқаи мазкур дар ду марҳила бо иштироки шаш даста дар сатҳи баланд сурат гирифта, ғолиби чемпионат дар даври ниҳоӣ муайян карда шуд. Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бар дастаи «Навбаҳор»-и ноҳияи Мастчоҳ бо ҳисоби 1:0, дастаи SSHFKP бар дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо натиҷаи 1:0 ғалаба кард ва дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб аз дастаи «Зарнисор»-и ноҳияи Вахш бо ҳисоби 2:0 мағлуб гардид.
Дар маросими супоридани мукофот ғолибон ва ҷоизадорон бо ҷом ва медалҳо сарфароз гардонида шуданд. Дилноза Нурова («Ҳосилот») беҳтарин дарвозабони чемпионат эътироф карда шуд. Нишонзани беҳтарин чемпионат Рухшона Файзуллоева (ССЧФКП) буд, ки дар як мавсим 20 гол задааст. Ва ҷоизаи беҳтарин бозингари мусобиқа ба Муҳаймаи Гулаҳмад («Хатлон») супорида шуд.
Чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 17-сола. Даври 10
«Зарнисор» — «Равшан» 0: 2
«Ҳосилот» — SSSCHFKP 0: 1
«Хатлон» — «Навбаҳор» 1: 0
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии чемпионат
| ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х |
| 1 | «Хатлон» (Бохтар) | 10 | 8 | 1 | 1 | 31-7 | 25 |
| 2 | ССШФКП (Соғд) | 10 | 8 | 1 | 1 | 45-7 | 25 |
| 3 | «Ҳосилот» (Фархор) | 10 | 5 | 2 | 3 | 12-13 | 17 |
| 4 | «Навбаҳор» (Мастчоҳ) | 10 | 4 | 1 | 5 | 24-10 | 13 |
| 5 | «Зарнисор» (Вахш) | 10 | 1 | 1 | 8 | 4-43 | 4 |
| 6 | «Равшан» (Кӯлобб) | 10 | 1 | 0 | 9 | 8-44 | 3 |
Нишонзанҳо: Рухшона Файзуллоева (SSSCHFKP) — 20 гол, Заррина Имомназарова (SSSCHFKP / «Навбаҳор») — 14 гол, Муҳаймаи Гулаҳмад («Хатлон») — 13 гол, Дилдора Раҳмонова (SSSCHFKP) — 9 тӯб ) — 7 тӯб.








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






