Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода дар мизи мудаввари байналмилалӣ сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 27.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар мизи мудаввар таҳти унвони «Ташаккули анъанаҳои муколамаи сулҳомези мардум ва давлатҳо ҳамчун асоси рушди устувори ҷомеа» иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург.
Чорабинӣ дар шакли видеоконфронс дар доираи марҳилаи минтақавии хониши XXIX байналмилалии таълимии солинавӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш роҳбарони вилояти Свердловск, намояндагони аршади Калисои Православии Россия, олимон ва намояндагони корпусҳои дипломатии маҳаллӣ ширкат варзиданд.
Суханронии дипломати тоҷик ба таҷрибаи сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 90 аз нуқтаи назари саҳми мусбат дар ташаккули анъанаҳои муколамаи сулҳомези байни мардум ва давлатҳо бахшида шуда буд ва аз ҷониби иштирокчиёни мизи мудаввар бо таваҷҷуҳи зиёд пазируфта шуд. Онҳо пешниҳод карданд, ки матни суханронии Зафар Сайидзода дар шакли китобча (брошюра) бо мақсади таблиғи минбаъдаи он дар доираҳои манфиатдор нашр карда шавад.










Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






