Кормандони Гурӯҳи фаврии КДАМ ҶТ 86 кг маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карданд
ДУШАНБЕ, 06.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябр соати 02:00-и дақиқа, дар рафти амалиёти махсуси кормандони Гурӯҳи фаврии КДАМ ҶТ дар шоҳроҳи ноҳияи Ш. Шоҳин – шаҳри Кӯлоб, ки наздик ба сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад, фаъолияти гурӯҳи трансмиллии нашъаҷаллоб ошкор гардид. Дар рафти ин амалиёт аъзои фаъоли он — сокини шаҳри Кӯлоб Ҳоким Исмоилов боздошт гардида, аз ӯ ба миқдори махсусан калон – 86 кг маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз рӯи нишондод бармеояд, ки ин маводи мухаддирро боздоштшуда аз ҳаммаслаки ҷиноятпешааш — шаҳрванди ҶИА Ҳоҷӣ Самеъ валади Ҳоҷӣ Сафеъулло, сокини вилояти Қундуз дастрас карда, қасд доштааст онро бо роҳи қочоқ ба хориҷи кишвар интиқол диҳад.
Нисбат ба ҳолати мазкур бо моддаҳои 195, 200, 289 ва 335-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
АКС аз бойгонӣ








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






