Котиби Шӯрои амнияти ФР Николай Патрушев: дар қаламрави ИДМ зиёда аз 40 нафар террористон дастгир шуданд
ДУШАНБЕ, 19.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) фаъолияти беш аз бист ташкилоти хурди созмонҳои байналмилалии террористӣ, ки бо ҷалби ҷангиён машғул буданд, қатъ карда шудааст. Дар ин бора дирӯз котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев (ДАР АКС) зимни мулоқот дар шакли конфронси видеоӣ бо ҳамтоёни худ аз дигар кишварҳои ИДМ эълом доштааст, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба ТАСС.
«Дар натиҷаи талошҳои муштарак соли 2020 22 ташкилоти хурди созмонҳои байналмилалии террористӣ, ки аъзои онҳо ба ҷалбу интиқоли шаҳрвандони Россия ва дигар кишварҳои ИДМ ба пойгоҳҳои хориҷии омодасозии ҷангиён машғул буданд, пароканда карда шуданд», — гуфт Патрушев.
Вай илова кард, ки фаъолияти «беш аз 160 нафар фаъолони созмонҳои байналмилалии террористӣ» қатъ ва аз ҷумлаи онҳо зиёда 110 тан аз Россия ихроҷ ва беш аз 40 нафарашон маҳкум карда шудаанд. «Дар асоси маводи пешниҳоднамудаи ҷониби Россия, шарикони хориҷӣ беш аз 40 аъзо ва дастёрони ташкилоти байналмилалии террористиро дастгир ва ҳабс карданд. Дар асоси маълумоти дарёфтшуда, зиёда аз 950 шаҳрванди хориҷии дар фаъолиятҳои террористӣ дастдошта аз ҳуқуқи вуруд ба кишвари мо маҳрум карда шуданд», — изҳор намуд Патрушев.
Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия зикр кард, ки қисми зиёди ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ бо истифода аз интернет содир мешаванд (зиёда аз нисфи 442 ҷинояти экстремистии дар шашмоҳаи аввали соли равон сабтшуда ва тақрибан панҷяки 1183 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ). «Зиёда аз 2 ҳазор манбаҳои интернетӣ, бо шумули гурӯҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳти назорат гирифта шудаанд. Зиёда аз 31 ҳазор саҳифаи интернетӣ баста ва тақрибан 3 ҳазор мавод, ки судҳо онҳоро экстремистӣ эълон ва интишорашонро манъ кардаанд, нобуд карда шуданд», — хабар дод ӯ.
Ёдовар мешавем, ки дар ин чорабинӣ ба ҷуз аз Патрушев, инчунин Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода, котибони шуроҳои амнияти Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, муовини Котиби Шӯрои амнияти Беларус, Котиби Шӯрои амнияти Давлатии Туркманистон ва Сафири Молдова дар Россия ширкат варзиданд.
АКС аз бойгонӣ








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






