Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ба Муассисаи давлатии «Истиқлол» маводи доруворӣ тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 20.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории дуҷонибаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин имрӯз Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии «Истиқлол» 55 номгўй маводи доруворӣ тақдим намуд.
Тавре аз Кумитаи Иҷроияи Марказии ХХДТ ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, дар маросими супоридани доруворӣ муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ғафур Муҳсинзода ва сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода иштирок намуданд.
Маводи доруворӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хуруҷи мавҷи дуюм дар ҷаҳон равона шудаанд.
Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ иброз дошт, ки “хеле муҳим аст, ки кишварҳо иртиботи доимиро роҷеъ ба масъалаҳои муҳимтарини ҷомеаи башар тақвият бахшида, дар самти мубориза бо бемориҳои сироятӣ ҳамкории доимӣ дошта бошанд. Бо супориши бевоситаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўзҳо кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тамоми ҷумҳурӣ дар самти риоя кардани қоидаҳои беҳдошт, фосилаи иҷтимоӣ ва истифодаи васеъ аз маводи антисептикӣ бо мақсади муҳофизат аз бемориҳои гуногун кор мебаранд”.
“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи солимии аҳолӣ диққати махсус дода, дар ин самт ба масъулин пайваста дастуру супоришҳои муфид медиҳанд”, — афзуд Х. Юсуфӣ.









Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд






