Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ба Муассисаи давлатии «Истиқлол» маводи доруворӣ тақдим намуд

Ноябрь 20, 2020 15:56

 ДУШАНБЕ, 20.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи ҳамкории дуҷонибаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин имрӯз Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии «Истиқлол» 55 номгўй маводи доруворӣ тақдим намуд.

Тавре аз  Кумитаи Иҷроияи Марказии ХХДТ  ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, дар маросими супоридани доруворӣ муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ғафур Муҳсинзода ва  сардори  Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе   Хушвахт Шарифзода иштирок намуданд.

Маводи доруворӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хуруҷи мавҷи дуюм дар ҷаҳон равона шудаанд.

Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ иброз дошт, ки “хеле муҳим аст, ки кишварҳо иртиботи доимиро роҷеъ ба масъалаҳои муҳимтарини ҷомеаи башар тақвият бахшида, дар самти мубориза бо бемориҳои сироятӣ ҳамкории доимӣ дошта бошанд. Бо супориши бевоситаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўзҳо кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тамоми ҷумҳурӣ дар самти риоя кардани қоидаҳои беҳдошт, фосилаи иҷтимоӣ ва истифодаи васеъ аз маводи антисептикӣ бо мақсади муҳофизат аз бемориҳои гуногун кор мебаранд”.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи солимии аҳолӣ диққати махсус дода, дар ин самт ба масъулин пайваста дастуру супоришҳои муфид  медиҳанд”, — афзуд  Х. Юсуфӣ.

Ноябрь 20, 2020 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст