Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Украина Василий Серватюк мулоқот намуд

Ноябрь 26, 2020 16:03

ДУШАНБЕ, 26.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк  бо хоҳиши ӯ мулоқот намуд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Маҳмадтоир Зокирзода дар суҳбат бо Сафири  Украина роҷеъ ба фаъолияти Парлумони касбии мамлакат маълумоти муфассал дод. Мавсуф аз ҷумла изҳор дошт, ки ҳамкории дуҷонибаи давлатҳои мо дар доираи принсипҳои боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити расмӣ асос ёфтаанд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, муносибатҳои байнипарлумонии  Тоҷикистон ва Украина баррасӣ шуд.

Аз суръати рушди ҳамкории дуҷониба дар баъзе соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ  карда шуд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Украина ҳанӯз хеле зиёданд.

Дар ин мулоқот ҳамчунин таъкид карда шуд, ки заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Украинаро санадҳои зиёде  ташкил медиҳанд, ки самтҳои мухталифи ҳамкории ду давлатро фаро мегиранд.

Ноябрь 26, 2020 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд