Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Зимни он Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ байни онҳо ва мутаносибан берун аз ҳудудҳои онҳо тасдиқ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Зимни муаррифии лоиҳа Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода иброз намуд, ки Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ байни онҳо ва мутаносибан берун аз ҳудудҳои онҳо 17 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст. Он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи Созишнома аз ҷониби Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои банди 21 нусхаи Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2019 оид ба васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, инчунин кушодани хатсайрҳои нав, амалӣ намудани муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмӣ – техникӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидааст.
«Созишнома яке аз санадҳои муҳими ҳуқуқӣ дар самти рушди ҳамкории дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ ва авиатсияи гражданӣ ба ҳисоб рафта, барои ба роҳ мондан ва зиёд намудани шумораи парвозҳо, инчунин кушодашавии парвзҳои нав ба дигар шаҳрҳо байни ду давлат заминаи ҳуқуқӣ муҳайё месозад»,-афзуд Ҳабибулло Назарзода.
Татбиқи Созишнома ба таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, рушди сайёҳӣ, зиёд гардидани имконияти сафар ва рафтуомади шаҳрвандон, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сайёҳон, соҳибкорон ва сармоягузорон, аз ҷумла аз кишварҳои Халиҷӣ мусоидат мекунад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд






