Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо пуштибонӣ аз ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё (АПО) оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе, ҳамзамон пойтахти фарҳанги Осиё дар соли 2026 баргузор шуд. Дар он намояндагони беш аз 20 кишвари аъзои ин ниҳоди байнипарламентӣ масъалаҳои марбут ба таҳкими сулҳ, таҳаммулпазирӣ, муколамаи байнифарҳангӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва рушди ҳамкории парламентиро баррасӣ карданд.
Дар ҷаласа Дабири кулл ва Котиботи Ассамблеяи парлумонии Осиё, инчунин роҳбарон ва ҳайатҳои парламентии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Арабистони Саудӣ, Бутан, Баҳрайн, Камбоҷа, Қатар, Бангладеш, Индонезия, Кипр, Покистон, Туркия, Умон, Чин, Эрон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Узбекистон ва Русия иштирок намуданд.
Дар доираи ҷаласа 16 лоиҳаи қатънома баррасӣ гардид. Яке аз масъалаҳои калидӣ лоиҳаи Қатъномаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистон оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангии миллатҳо дар партави пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» буд. Зимни баррасии лоиҳаи қатънома ва шунидани фикру андешаҳои иштирокдорони чорабинӣ он аз ҷониби кишварҳои аъзои Ассамблеяи парлумонии Осиё бо иттифоқи оро қабул гардид.
Қатънома бо истинод ба Паймони оянда, ки дар Саммити оянда соли 2024 қабул шудааст, инчунин қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» таҳия шудааст. Дар таҳияи санад ҳамчунин ба Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, паймонҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳ такя шудааст.
Қатънома таъкид мекунад, ки сулҳ ва амният, рушди устувор, волоияти қонун, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва ҳамбастагии байни наслҳо бо ҳам алоқаманд буда, барои ташаккули ҷомеаҳои устувор ва фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои наслҳои имрӯз ва оянда аҳаммияти калидӣ доранд.
Дар ин замина таҳаммулпазирӣ, эҳтироми гуногунрангии фарҳангӣ, динӣ, забонӣ ва тамаддунӣ, инчунин муколамаи байнифарҳангӣ ҳамчун воситаҳои пешгирии низоъҳо ва таҳкими эътимод байни халқҳо арзёбӣ мешаванд. Қатънома ҳамзамон ба нақши дипломатияи байналмилалӣ, дипломатияи парлумонӣ ва фарҳангӣ ва муколамаи созанда дар пешгирии низоъҳо ва ҳалли мусолиматомези баҳсҳо таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.
Яке аз самтҳои асосии пешниҳодшуда тақвияти нақши парламентҳо дар пешбурди фарҳанги сулҳ мебошад. Қатънома аз парламентҳои давлатҳои аъзои Ассамблеяи парлумонии Осиё даъват мекунад, ки дар доираи ваколатҳои қонунгузорӣ ва назоратии худ барои таҳкими таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамзамон зарурати густариши муколамаи сиёсӣ, табодули таҷрибаи қонунгузорӣ ва таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ ҳамчун воситаи мусоидат ба сулҳу суботи минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид мешавад. Қатънома пешниҳод мекунад, ки масъалаҳои сулҳ, таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагии байни наслҳо, ҳифзи арзишҳои фарҳангии миллатҳо ва рушди дипломатияи парлумонӣ дар фаъолияти минбаъдаи Ассамблея ба таври мунтазам баррасӣ шаванд. Дар қатънома ба нақши маориф ва илм дар ташаккули фарҳанги сулҳ таваҷҷуҳи махсус дода шудааст.
Пешниҳод мешавад, ки арзишҳои фарҳанги сулҳ, эҳтироми ҳамдигар, масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳаммулпазирӣ дар сиёсати давлатӣ, барномаҳои миллӣ, низоми маориф ва фаъолияти муассисаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ бештар инъикос шаванд. Давлатҳои аъзо ҳамчунин ба густариши барномаҳои муштараки таълимӣ, илмӣ ва маърифатӣ даъват мешаванд, ки ҳадафи онҳо пешбурди фарҳанги сулҳ, эҳтироми гуногунандешӣ ва рушди масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.
Дар баробари ин, қатънома густариши ҳамкории байнидонишгоҳӣ ва байни муассисаҳои илмӣ ва фарҳангиро пешбинӣ карда, дастгирии лоиҳаҳои муштараки илмӣ, фарҳангӣ, ҷавонон ва гуманитариро муҳим медонад.
Ҳифзи гуногунрангии фарҳангӣ, забонӣ, динӣ ва тамаддунӣ яке аз самтҳои дигари калидии қатънома мебошад. Дар он парламентҳои кишварҳои аъзо ташвиқ мешаванд, ки заминаҳои ҳуқуқӣ ва бунёдиро барои ҳифз ва рушди гуногунрангии фарҳангӣ такмил дода, ба ҳифзи мероси фарҳангии миллӣ ва умумибашарӣ мусоидат намоянд.
Муколамаи байнифарҳангӣ ва байнитамаддунӣ ҳамчун василаи таҳкими эътимоди мутақобил, пешгирии низоъҳо ва фароҳам овардани шароити ҳамзистии осоишта пешниҳод шудааст.
Қатънома ба иштироки фарогири ҷомеа дар ташаккули фарҳанги сулҳ низ таваҷҷуҳ дорад. Дар он нақши ҷавонон ва занон, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ, ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма дар таҳкими сулҳ, пешгирии ифротгароӣ ва рушди ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳо муҳим арзёбӣ мешавад.
Ҳамзамон дар ҳуҷҷат зарурати таҳкими ҳамбастагии байни наслҳо ва фароҳам овардани заминаҳои бештар барои иштироки фарогир дар қабули қарорҳо таъкид шудааст.
Қатънома ҳамчунин ба якчанд таҳдидҳои муосир ба сулҳу субот дахл мекунад. Аз ҷумла, дар он аз афзоиши низоъҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ, нафратпароканӣ, табъиз, нажодпарастӣ, бегонаситезӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва паҳншавии маълумоти бардурӯғ изҳори нигаронӣ карда шудааст.
Ҳамзамон таъкид мешавад, ки мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, нафратпароканӣ, табъиз, нажодпарастӣ, бегонаситезӣ ва дигар шаклҳои таҳаммулнопазирӣ бояд дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ, Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва бо риояи ҳуқуқҳои асосии инсон амалӣ гардад.
Дар қатънома ба таъсири технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба сулҳ ва субот низ таваҷҷуҳ шудааст. Кишварҳои аъзо ташвиқ мешаванд, ки ҳамкориро барои муқовимат ба паҳншавии суханони нафратангез, маълумоти бардурӯғ ва истифодаи ғайриқонунии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тақвият бахшанд.
Дар баробари ин, нақши воситаҳои ахбори омма ва платформаҳои рақамӣ дар тарғиби фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва муқовимат ба таблиғи хушунат таъкид карда мешавад.
Қатънома истифодаи масъулонаи технологияҳои муосирро ҳамчун яке аз унсурҳои муҳими муҳити иттилоотии мусоид ба сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ баррасӣ мекунад.
Қатънома ҳамчунин аз ташаббусҳои байналмилалии кишварҳои аъзо, ки ба таҳкими сулҳ, рушди устувор, ҳифзи муҳити зист, дипломатияи пешгирикунанда ва рушди ҳамкории баробарҳуқуқи байналмилалӣ равона шудаанд, истиқбол мекунад.
Дар он аз парламентҳои кишварҳои аъзои Ассамблеяи парлумонии Осиё даъват мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Ассамблеяи парлумонии Осиё, Иттиҳоди байнипарлумонӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ саҳми фаъол гузоранд. Ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки Бюро ва Котиботи Ассамблеяи парлумонии Осиё ҳамоҳангсозии ҳамкориро бо сохторҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла барои татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалӣ тақвият бахшанд. Қатънома танҳо бо баёни ҳадафҳо маҳдуд нашуда, механизми идомаи муколама ва табодули таҷрибаро низ пешниҳод мекунад. Аз ҷумла, тавсия шудааст, ки парламентҳои кишварҳои аъзо натиҷаҳои амалисозии чорабиниҳои вобаста ба татбиқи қатъномаро дар ҷаласаҳои минбаъдаи Ассамблеяи парлумонии Осиё пешниҳод ва таҷрибаи худро мубодила намоянд.
Дар қисми ниҳоӣ изҳори итминон карда шудааст, ки татбиқи пайгиронаи муқаррароти санад метавонад ба таҳкими сулҳу субот, эҳтироми ҳамдигар, таҳаммулпазирӣ, ҳамгироии фарҳангҳо ва рушди устувори кишварҳои Осиё ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат кунад. Қатъномаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистон дар маҷмуъ фарҳанги сулҳро ҳамчун самти фарогири ҳамкории парламентӣ баррасӣ намуда, ба ҳамоҳангсозии талошҳои кишварҳои Осиё дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маориф, илм, иттилоот ва робитаҳои байниҷомеавӣ таваҷҷуҳ мекунад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд
Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуд
Мавсума Муинӣ бо роҳбари ҳайати Подшоҳии Баҳрайн Аҳмад Алсаллум вохӯрӣ намуд
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кипр густариш меёбанд






