«Мактаби сиёсии Пешвои миллат – чароғи роҳи пешрафт»,-бардошт аз ҳамоиш ба шарафи Рӯзи Президент

Ноябрь 13, 2020 14:25

ДУШАНБЕ, 13.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Мактаби сиёсии Пешвои миллат — чароғи роҳи пешрафт» бо иштироки меҳмонону кормандон ҳамоиш доир гардид. Дар он меҳмонон доир ба Иҷлосияи таърихиву тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ, корнамоиҳо ва ҷонбозиҳои Сарвари давлат дар роҳи пурпечутоби расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ибрози андеша намуданд.

Зикр шуд, ки тибқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки аз 14 майи соли 2016 қабул шудааст, дар Тоҷикистон 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Дар ин рӯз дар саросари мамлакат ҷамъомадҳои  илмӣ, мулоқоту суҳбатҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва барномаҳои идона доир мешаванд.

Муовини якуми директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода зимни ҳамоиш иброз намуд, ки   «дар марҳалаи басо мушкили давлатсозии мо, тоҷикон, ки ба айёми ҷанги шаҳрвандӣ рост омада буд, касе зимоми давалатдориро ба даст гирифтан намехост. Дар ин миён муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азми қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстию ватанхоҳӣ нидои сулҳу дӯстӣ сар дода, миллатро ба ваҳдату ягонагӣ даъват намуданд. Маҳз суханони аввалини он кас аз боби ваҳдату ягонагӣ, якпорчагии давлат, рушди гуногуни соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат ва таъмини зиндагии шоистаи ҳар фарди сокини Тоҷикистон буданд».

Иштирокдорони ҳамоиш  аз кору пайкори ин абармарди қавиирода, сулҳпарвару сулҳхоҳ, ватандӯсту ватанхоҳ ёдрас шуданд.

Роҳбари дастгоҳи марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонов дар бораи саҳми беандозаи Пешвои миллат дар таъсиси ҲХДТ  ва муовини директори Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот Абдуфаттоҳ Аминов дар мавзӯи «Пешвои миллат — ташаббускори рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» маърӯза намуданд.

Дар ҳамоиш намоиши китоб бо асарҳои тозанашри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва адабиёт дар бораи Президенти мамлакат ба маърази дид гузошта шуд.

 

Ноябрь 13, 2020 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд