Мардуми Тоҷикистон ба Президенти худ барои шуҷоати бузург ва бунёдкориҳои бемисл арзи сипос менамояд
ДУШАНБЕ, 16.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябри соли 1994 авалин бор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карда буданд. Аз ҳамин рӯз сар карда, тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии президентӣ оғоз ёфт ва Президенти муҳтарами мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои ин вазифаи пурифтихор шурӯъ намуданд. Маълум аст, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 ноябр Рўзи Президент муайян карда шудааст. Аз ин рӯ, дар мамлакат Рӯзи Президент ба ҷашни анъанавие табдил ёфтааст, ки дар қатори дигар иду маъракаҳои сиёсӣ мардум ба он эътиқоду эҳтиром дошта, самимияти худро ба Президенти мамлакат ихлосмандона баён менамоянд. Чунин изҳори андеша намуд ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Абдураҳмон МУҲАММАД ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки дар Рӯзи Президент хизматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон ва дурнамои мақсаднок барои некӯаҳволии миллату пешравии давлат мавриди баррасӣ қарор ёфта, зарурати амалисозии онҳо ҳамчун талаботи давру замон қабул ва қадрдонӣ карда мешавад.
Президент — садри давлат, соҳиби ҳуқуқу ҳокимияти иҷроия мебошад, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ интихоб гардида, дар шакли идоракунии президентӣ ҳукуматро интихоб менамояд. Дар демократияи президентӣ тақсимоти ҳокимият ба шохаҳои қонунгузор ва иҷроия ба таври равшан ба назар мерасад. Аломати асосии фарқкунандаи чунин система дар он аст, ки президент шахсияти номиналии дорои ваколатҳои маҳдуд набуда, балки ӯ сарвари ҳукумат аст. Ҳамзамон дар баробари парчаму дигар рамзҳои давлатӣ Президент рамзи сиёсие мебошад, ки дар байни шахсияту ҳокимият вазифаи коммуникативӣ иҷро намуда, метавонад пояҳои давлатдориро боз ҳам пуриқтидор намояд.
Аммо дар ҷаҳони муосир вобаста ба он таҳаввулоте, ки дар арсаи муносибатҳои байналмилалӣ ба амал омада истодааст, мазмуну муҳтаво ва муносибат ба идоракунии президентӣ тағйироти муайяне касб менамояд. Хусусан дар давлатҳои тозаистиқлол масъалаҳои геополитикӣ ва номатлуби сиёсие пайдо шуда истодаанд, ки аз сарварони сиёсӣ ҳамкорӣ ва муттаҳидии президентро бо парлумон баҳри рушду камоли давлат тақозо менамоянд. Дар баробари ин, боз андешаҳое мавҷуданд, ки президент кафили волоияти ҳокимияти давлатӣ нисбат ба ҳама гуна шаклҳои дигари ҳокимият дониста мешавад.
Профессор Абдураҳмон Муҳаммад иброз медорад, ки идоракунии президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такони ҷиддие барои эҳё ва дигаргуниҳои куллӣ ва тағйири низоми арзишҳои миллӣ гардида, пеш аз ҳама, барои рушду нумӯи забони модарӣ заминаҳои воқеӣ муҳайё намуд. «Замоне ки мо дар бораи нақши Пешвои миллат ҷиҳати хизматҳои бесобиқа ба Ватан ва таҳкими давлатдории миллӣ дар Рўзи Президент сухан меронем, пеши назарамон хизматҳои шоистаи Президенти муҳтарами ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳувайдо мегарданд. Хусусан масъалаҳои таҳкими истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, эҳёи иншооти бузурги аср, бунёди арзишҳои мондагори ниёгон ва дигар дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ далелҳои гўфтаҳои боло мебошанд»,-мегӯяд мавсуф.
Нақши Президенти мамлакат дар эҳёи хотираи таърихӣ бештар дар он таҷассум меёбад, ки бо ибтикору роҳбаладии Ҷаноби Олӣ тамоми иншооти таърихию фарҳангии мамлакат аз нав таъмиру эҳё гардида истодаанд. Президенти ҷумҳурӣ ба таърих, фарҳанг, шаҳрсозиву шаҳрдорӣ ва ҳафриёту бозёфтҳои археологии мамлакат таваҷҷуҳу дастгирии зиёд намуда, ҳастии хешро барои пешрафти миллату давлати азизамон- Тоҷикистон дареғ намедоранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мероси таърихии ҷумҳурӣ, хусусан ёдгориҳои гузаштагонамон, чун Саразм, Фархор, Ҳулбук, Кангурттут, Муъминобод, Ҳисор, Ямчун, Карон, Золи Зар, Тахти Сангин, Аҷинатеппа, Қалъаи Хуҷанд, Муғтеппа, Хисораи Мастчоҳ, Кулдараи Ховалинг, Данғара, Ёдгории Лағмон, Қалъаи кўҳи Муғ ва дигар ёдгориҳо диққати махсус зоҳир намуда, нақши онҳоро дар хештаншиносӣ ва фарҳангсолорӣ ҳамеша таъкиду баррасӣ менамоянд. Албатта, ин ҳама дар эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ мақоми барҷастаю созанда доранд, ки мояи ифтихори миллист.
Ба эътирофи А. Муҳаммад, миллати тоҷик ба Президенти муаззами созандаву бунёдкори худ барои шуҷоати бузург дар ҳифзи хотираи таърихӣ ва бунёди иншооти бузурги аср- НБО-и Роғун ва дигар неругоҳҳои мамлакат, кушодани нақбҳою пулҳо, сохтмони роҳҳои заминӣ ва паҳнбари оҳан ва дигар бунёдкориҳои бемисл арзи сипоси бепоён дорад.
Дар баробари ин, ба нашр расонидани асарҳои таърихии Президенти Тоҷикистон: «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Чеҳраҳои мондагор», «Забони миллат- ҳастии миллат», «Уфуқҳои Истиқлол» ва дигар амалҳои миллатсозию давлатдориашон сабаби эҳтироми самимӣ ва қаноатмандӣ барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Президенти эътирофшудаи халқ ва меъмори сулҳу ваҳдати тоҷикон, балки шахсияте мебошанд, ки дар ҳалли низоъҳои минтақавӣ ва пешниҳоди масъалаҳои байналмилалӣ дар ҷаҳон аз ҷойгоҳи хосса бархурдор мебошанд. Ҷаноби Олӣ, пеш аз ҳама, қобилияти дурусти баҳо додани ҳолатҳои ғайричашмдошт ва ба таври фаврӣ андешидани тадбирҳои муассирро низ доранд.
Мояи ифтихору таҳсин аст, ки бо дастгирӣ ва иқдоми неки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон азамати шаҳру деҳоти мамлакат боз ҳам боло рафт, соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар рушд ёфтанд, мактабу маориф, илму маърифат мавқеи худро боз ҳам устувортар намуданд. Мактаби сарварии Президенти мамлакат мактаби роҳбарӣ, донишандўзӣ ва пайвандгари наслҳо гардидааст, ки барои рушду нумўи имрўзу фардои Тоҷикистони азизамон нақши муассир дорад. Ҷаноби Олӣ поягузори мактаби президентӣ мебошанд, ки барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва дурнамои давлатдорӣ мақому манзалати хосса дорад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»