Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни собиқадорон муайян шуданд

Ноябрь 3, 2020 08:50

ДУШАНБЕ, 03.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мавсими навбатии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни собиқадорон ҷамъбаст шуд. Дастаи  футболи  «Ромис-Испечак»-и  шаҳри Душанбе, ки дар ҳамаи ҳашт бозӣ пирӯз шуд, бо ба даст овардани 24 хол ғолиб гардид.

Собиқадорони дастаҳои  футболи   «Равшан»-и  шаҳри  Кӯлоб ва «Хатлон»-и  шаҳри  Бохтар 16-холӣ ба даст оварданд, аммо аз ҳисоби бартарият дар бозиҳои инфиродӣ дастаи  футболи   «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  ҷои дуюмро ишғол кард. Дастаи  футболи  «Хатлон»-и шаҳри   Бохтар  мақоми  сеюм ба даст овард. Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳамлагари дастаи футболи  «Ромис-Испечак»-и шаҳри  Душанбе Шуҷоат Неъматов, ки ба дарвозаи ҳарифон 11 тӯб ворид кард, беҳтарин нишонзан дониста шуд. Хотиррасон  мешвем, ки имсол бо сабаби пандемияи Ковид-19 чемпионат миёни собиқадорон аз рӯи системаи даврӣ дар як давр  баргузор шуд.

Чемпионати Тоҷикистон. Байни собиқадорон . Даври 8-ум

«Собиқадорон» – «Равшан» – 0:3

«Хатлон» – «Давлат-Содиқ» – 5:3

«Рамис-Испечак» – «Хайр» – 6:5

«Фирдавс-40» – «Шери Восеъ» – 4:2

Чемпионати Тоҷикистон. Байни собиқадорон . Даври 9-ум

 

«Ваҳдат» – «Фирдавс-40» – 4:2

«Давлат-Содиқ» – «Рамис-Испечак» – 2:3

«Равшан» – «Хатлон» – 3:0

«Ҳосилот» – «Собиқадорон» – 7:5

 ДАСТАҲО  Б  Ғ  М  Б  Т-Т  Х
 1  «Ромис-Испечак»(Душанбе)  8  8  0  0  40-17  24
 2  «Равшан»(Кӯлоб)  8  5  1  2  34-20  16
 3  «Хатлон»(Бохтар)  8  5  1  2  34-20  16
 4  «Фирдавс-40»(Душанбе)  8  3  2  3  21-16  11
 5  «Давлат Содиқ» (Восеъ)  8  3  2  3  17-12  11
 6  «Ҳосилот» (Фархор)  8  3  1  4  18-25  10
 7  «Хайр» (Ваҳдат)  8  2  1  5  20-28  7
 8  «Шери Восеъ»(Восеъ)  8  1  2  5  14-25  5
 9  «Собиқадорон»(Душанбе)  8  1  0  7  12-38  3
Ноябрь 3, 2020 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд