«ПЕШВОИ ФАРҲАНГПАРВАРИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2020.АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои фарҳангпарвари миллат» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, иштирокчии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ Рафиқа Мӯсоева ва гирандаи стипендияи президентӣ Манзура Сафарзода сухан гуфтанд.
Ёрдамчии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода созмондиҳандагон ва иштирокчиёни конференсияи ҷумҳуриявиро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, зикр сохт, ки «дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани Рӯзи Президент нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ мебошад. 6 ноябри соли 1994 дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳифаи наве оғоз ёфт, ки он дар ҳаёти минбаъдаи мардуми тоҷик ва рушди давлатдории навини миллиамон нақши сарнавиштсоз дорад. Дар ин рӯз сокинони мамлакат бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлол бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламонро қабул карда, шакли идораи президентиро эътироф намуданд. Ҳамзамон дар ҳамон рӯз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Аз ҳамон сол то кунун шакл ва таҷрибаи идоракунии президентӣ дар шароити давлати мо муҳимияти худро собит сохт. Маҳз ба василаи ин шакли идоракунии давлат дар мамлакат сулҳу субот барқарор гашта, Тоҷикистон ба марҳалаи рушди беназири иқтисодиву иҷтимоӣ ворид шуд».
Абдуҷаббор Раҳмонзода тазаккур дод, ки мақоми баланд ва салоҳиятро ба Президент халқи Тоҷикистон аз тариқи иштироки бевосита дар интихобот медиҳад. Ин аст, ки низоми мазкур сатҳу сифати фарҳанги сиёсии халқи тоҷикро боло бурда, он сол ба сол такомул ёфта истодааст, ки инро мо, аз ҷумла дар мисоли интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли равон баргузор гашт, баръало мушоҳида намудем.
Ба гуфтаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, «ба бахти миллати куҳанбунёди мо, дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихи халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъсиру нуфузи ҷаҳонии худ баромад карда, низоми президентиро на танҳо ба қаринаи (контексти) фарҳанги сиёсии халқи тоҷик ворид намуданд, балки пойдору мустаҳкам карда, сазовори боварии аҳли ҷомеаи мамлакат гардиданд».
Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ дар бораи хизматҳои шоистаи Сарвари давлат дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ибрози назар намуда, таъкид варзид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик аз дурахшонтарин чеҳраҳое мебошанд, ки бо фаросату ҷасорат, сиришти пок ва фитрати азалии худ дар маснади бузурги роҳбарӣ нишастанд ва давлатдории миллии тоҷиконро дар даврони муосир асос гузоштанд. Зимнан, дар ҷамъбасти конференсия Хайринисо Юсуфӣ шеъри худро бо унвони «Дасти дуои миллат» қироат намуд:
Пирӯзиат муборак, эй Пешвои миллат,
Мебош ҷовидона фардонамои миллат.
Ҷон кандани Ватанро дидиву хун гиристӣ,
Танҳо кафи ту овард, оби бақои миллат.
Хасми лаъин бинмуд ҷангу ситеза барпо,
Сад шукр, ки ту кардӣ дафъи балои миллат.
Чун Рустами расида баҳри наҷоти Бежан,
Занҷирро кушодӣ аз дасту пои миллат.
Аз лаҳзаи валодат будӣ бузургзода,
Яъне зи рӯзи аввал будӣ даҳои миллат.
Моро зи бенавоӣ сӯи наво ту бурдӣ,
Болои хон ниҳодӣ нуқлу навои миллат.
Бар насли наврасида додӣ чароғи иршод,
Шод аст, шод аз ту рӯҳу ниёи миллат.
Эй кош ҷовидона мисли ливои Хуршед,
Дар гунбади саодат рахшад ливои миллат.
Шоҳи хуҷастапайро, ҳамаслу кеши Кайро,
Омад ба фатҳи тоза дасти дуои миллат.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иброз дошт, ки таҷлил намудани Рӯзи Президент ҳамчун ҷашни муҳими давлатӣ дар баробари ибрози эҳтироми ҷомеа ба Президент, омили муҳимми сарҷамъию муттаҳидӣ низ мебошад. Мавсуф аз дастовардҳои фарҳангии мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, таъкид кард, ки сиёсати фарҳангии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз бо заковати фитрии намояндагони мардумӣ ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Хусусан ин раванд аз соли 1994, баъди бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза гирифт.
Дар конфронси ҷумҳуриявӣ инчунин раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ Абдураҳим Холиқзода, иштирокчии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ Рафиқа Мӯсоева ва гирандаи стипендияи президентӣ Манзура Сафарзода иброз доштанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик аз дурахшонтарин чеҳраҳое мебошанд, ки бо фаросату ҷасорат, сиришти пок ва фитрати азалии худ дар маснади бузурги роҳбарӣ нишастанд ва давлатдории миллии тоҷиконро дар даврони муосир асос гузоштанд. Дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуданд ва дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд.
Онҳо ба ин назар буданд, ки обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати фазилату фидокорию матонати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ рӯз ба рӯз боло рафта, ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гаштааст. Ба қадри ин шахсият расидан, номи ӯро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ӯро ҳифз карда, идома додан — ин қадршиносӣ аз давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст.
Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ конференсияро ҷамъбаст намуда, иброз дошт, ки халқи шарафманд ва сипосгузори тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу суботи саросарӣ таҷлил менамоянд.
Муҳриддин Низомӣ ёдрас шуд, ки толори барҳавои консертии «Арғунун» ва сози арғунуни донишкада, ки маҳсули ҳамгироии тамаддунҳои Ғарбу Шарқ мебошад, маҳз бо иқдом ва дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмир ва таҷдид гардида, 26 июни соли 2011 бо иштироки Сарвари давлат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маросим иштирок ва суханронӣ намуда, зикр сохта буданд, ки «имрӯз мо — ҳамроҳ бо намояндагони Парлумон, роҳбарони корпуси дипломатӣ, аҳли зиё, устодон ва шогирдони донишкада шоҳиди воқеаи гуворою хотирмон, яъне аввалин маротиба садо додани Суруди миллии Тоҷикистон бо ҳамовозии сози арғунун шудем». Ин амр маънои онро дорад, ки минбаъд бо ин сози бузург на танҳо мусиқии классикони ҷаҳонӣ, балки суруду таронаҳои тоҷикӣ низ иҷро мегарданд ва навои рӯҳафзои сози арғунун дар фазои фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол танинандоз хоҳад шуд.