ПЕШВОИ МИЛЛАТ – АСОСГУЗОРИ НИЗОМИ БИСЁРҲИЗБӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо ва пешниҳодоти унвонҷӯи Академияи миллии илмҳо бахшида ба Рӯзи Президент

Ноябрь 16, 2020 16:16

ДУШАНБЕ, 16.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди пошхӯрии низоми яккаҳизбии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба марҳилаи нави ташкили сиёсати дохилӣ оғоз намуда, барои бунёди  низоми давлатдорӣ мустақилона шурӯъ намуд ва бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву сиёсӣ системаи фалаҷашудаи давлатдориро мутобиқ ба талаботи замон аз сифр оғоз намуда, дар таҷрибаи давлатдории қариб сисола ба мувафаққиятҳои беназире ноил гардид.

Амалӣ шудани низоми бисёрҳизбӣ дар кишварро, ки пас аз эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон ташаккул ёфт, метавон яке аз дастовардҳои муҳими демократияи Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ намуд. Дар ин бора мулоҳизаҳои унвонҷӯи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҷамшед ОБИДЗОДАро ба таваҷҷуҳи хонандагон пешкаш менамоем.

Таърихи пайдоиши низоми бисёрҳизбӣ дар кишвар ба солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ рабт дошта, дар рӯйдодҳои моҳи феврали соли 1990 ҷунбишҳои сиёсие чун «Растохез» ва ҳизбҳои сиёсии дар он солҳо расман сабтиномнашудаи Ҳизби террористии наҳзати ислом ва Ҳизби демократии Тоҷикистон аз мавҷудияти худ дарак дода буданд.

Ҳарчанд ин ҳизбҳо расман дар қайди давлатӣ қарор надоштанд, бо истифода аз эътимоди мардум онҳоро ба суйи номокомиҳо раҳнамун месохтанд.

Махсусан Ҳизби террористии наҳзати ислом, ки бе қайди расмии давлатӣ он солҳо асосан дар заминаи идораи қозиёти кишвар амал менамуд, бо истифода аз фурсати муносиби шикасти Ҳизби коммунистӣ,   таназзули ҳокимияти шӯравӣ ва боварҳои мардуми дилсофу зудбовари кишвар ба дини мубини ислом, моҳирона истифода намуда, боиси низоъҳои дохилӣ дар ҷумҳурӣ гардида буд.

Ҳарчанд давлату Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистқлол таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯшишҳои зиёд ва сиёсати хирадмандонаю дурандешона оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуданд, аммо ҳазорон қурбониёни ин ҷанг ва зарарҳои бузурги иқтисодӣ, ки маҳз дар натиҷаи идеологияи нодуруст, қасосгирӣ, бо ҳадафҳои нопок сиёҳ намудани намояндагони воломақоми Ҳукумат, ки аз ҷониби баъзе ҷунбишу ҳизбҳои сиёсӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба амал омада буданд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд.

Роҳбари давлат ҳанӯз 31 декабри соли 1992 зимни ироаи паёми табрикотӣ ба муносибати соли нави мелодии 1993 таъкид намуда буданд, ки «ҳар гоҳ дар бораи фоҷиаи ҷомеаи мо амиқтар фикр мекунем, пеши назарамон сиёсатҷаллобии он пешвоёни ҳизбу созмонҳое ҷилвагар мешавад, ки вобаста ба забт кардани ҳокимият ниқоби идеологии худро ҳар замон дигар мекарданд».

Дар баробари ин, Сарвари давлат дар ин паёми табрикотии худ изҳор дошта буданд, ки моҳияти асосии фаъолияти ҳизбу ҷунбишҳои наврӯро, ки ҳавобаландона худро нерӯҳои демократӣ меномиданд, радикализми сиёсӣ, ё бо ибораи дигар кӯшиши аз беху бун шикаста партофтани сохтор ташкил медод.

Бо истифода аз фазои холии идеологӣ Ҳизби наҳзати ислом бо роҳи фишороварӣ ва силоҳи оташфишон ба ғасби ҳокимият кӯшиш намуда,   тамоми сохтору механизмҳои ҳокимиятиро фалаҷ намуданд ва ҳатто кор то ҷое расид, ки моҳи сентябри соли 1992   Президенти мамлакатро, ки тамоми аҳолии ҷумҳурӣ интихоб карда буд, маҷбур намуданд  ба истеъфо равад.

Чунин амалкарди ҳамонвақтаи ин ҳизбу ҳаракатҳоро Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон «таҷовузи мақсадноки идеологӣ» унвон намуда, изҳор дошта буданд, ки фазои холии идеологӣ ва сиёсатҳои бепояи нобаҳангом имкон доданд, ки қувваҳои мухолифи сиёсии ҷомеа арзи ҳастӣ карда, ошкоро барои забти ҳокимият ба мубориза бархезанд.

Маҳз  фаъолияти ғайриқонунии ҳизбҳои навтаъсис ва ҷунбишҳои сиёсӣ буд, ки 21 июни соли 1993 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби демократӣ ва Ҳизби наҳзати ислом, инчунин ҷунбишҳои сиёсии «Растохез» ва «Лаъли Бадахшон» бинобар сабаби даст задан ба амалҳои ғайриқунонунӣ  қатъ карда шуда буд.

Танҳо баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бо қарори Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 1999 ба фаъолияти Ҳизби демократӣ ва Ҳизби наҳзати ислом дуюмбора иҷозат дода шуд.

Аммо Ҳизби террористии наҳзати ислом ба қадри чунин гузашткарданҳову бахшиданҳо нарасид ва солҳои минбаъда аъзои ин ҳизб ба амалҳои террористии зиёд даст заданд.

Маҳз бо ҳамин сабаб 29-уми сентябри соли 2015 бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи Прокурори генералӣ қонеъ карда шуда, фаъолияти Ҳизби наҳзати ислом дар қаламрави Тоҷикистон расман қатъ ва ҳизби мазкур ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шуд.

Доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Г.  Зокиров дар китобаш «Зӯроварии сиёсӣ» (Душанбе, 2018) таъкид намудааст, ки «мураккабтарин ва хатарноктарин зуҳури терроризм ин аст, ки дар заминаи эътиқоди динӣ хосияти соф идеологӣ пайдо намуда бошад”.

Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки таъсис ва фаъолияти Ҳизби террористии наҳзати ислом, ки аз оғоз бо кӯмаки ҳомиёни хориҷӣ нақшаи нопоки зӯран ғасб намудани ҳокимиятро дошт ва садҳо нафарро ба вартаи фалокат кашид, яке аз зуҳуроти хатарноки терроризм буд, ки хушбахтона пешгирӣ гардид.

Чунонки таъкид шуд, мавҷудияти низоми бисёрҳизбӣ яке аз нишонаҳои демократия буда, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ бояд барои ташаккули афкори ҷомеа ва дар маҷмӯъ баҳри пешрафти кишвар, ки дар Конститутсия ва қонунҳо муқаррар гардаанд, нигаронида шавад.

Воқеан ташаккули низоми бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон раванди таърихӣ дошта, он яке аз нишондиҳандаҳои бунёдии давлати самти иҷтимоидошта ва низоми демократии сиёсӣ, ки метавонад кафолати ҳуқуқҳои сиёсии шахс ва гурӯҳҳои сершумори иҷтимоӣ-сиёсиро таъмин намояд, арзёбӣ мегардад.

Зери мафҳуми низоми бисёрҳизбӣ мавҷудият ва ҳамоҳангӣ дар асоси рақобати функсионалии гурӯҳҳои калони иҷтимоӣ (масалан миллатҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ) фаҳмида мешавад, ки он ба манфиатҳои обеъктивии иҷтимоӣ-сиёсӣ марбут аст ва хусусиятҳои муҳими иҷтимоӣ ва унсурҳои системаи сиёсии ҷомеаро муайян менамояд, ҳамчунин ба пуррагӣ раванди ташаккули ҳокимияти сиёсиро таъмин ва ташкил менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустине, ки ба ҳайси роҳбари давлат интихоб шуданд, борҳо таъкид намуда буданд, ки ҷонибдори сохти давлати демократӣ ва дунявӣ ҳастанд.

Аз ҷумла Пешвои миллат зимни суханронӣ дар иҷлосияи ХVII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июни соли 1993 таъкид намуда буданд, ки «мо азму ирода дорем, ки давлати ҳуқуқбунёди демократӣ созем».

Ин нукта дар суханрониҳову мулоқотҳои Пешвои миллат (аз ҷумла дар маҷлиси фаъолони ВМКБ  13 июни соли 1993 ва дар мусоҳиба бо журналистони ватаниву хориҷӣ) борҳо таъкид гардида, маҳз бо ташаббуси Роҳбари давлат ва ҷонибдории мардуми Тоҷикистон давлати демократӣ бунёд гардид, ки яке аз рукунҳои асосиаш низоми бисёрҳизбӣ мебошад.

Дар ин замина, олими фаронсавӣ Морис Дюверже дар китоби худ «Политические партии» (Москва, 2018) изҳор доштааст, ки рушди ҳизбҳо бо рушди демократия, яъне тавсеаи иродаи маъмулии мардум вобаста аст.

Таъсиси низоми бисёрҳизбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар нахустин Контститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дарҷ гардида буд, яке аз намунаҳои хуби инкишофи демократия дар кишвар буд, ки минбаъд он марҳила ба марҳила рушд намуд.

Роҳбари давлат санаи 18 апрели соли 1998 ҳангоми бори аввал ба уҳда гирифтани роҳбарии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Анҷумани IV ин ҳизб изҳор дошта буданд, ки «Ислоҳоти сиёсӣ, ки зимни он дар соҳаҳо низ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд, барои фаъолияти озодона ва пурмаҳсули ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ шароити баробар фароҳам овард. Ҷомеаи мо аз якрангии тоталитарӣ озод шуда, ба мавҷудияти ҳизбҳои гуногун ва ҳамзистии онҳо ботадриҷ одат мекунад. Ин раванд нишонаи солимгардии рӯҳияи сиёсии ҷомеа мебошад ва ривоҷи минбаъдаи он танҳо ба Президент не, балки ба тамоми қувваҳои сиёсӣ вобаста аст».

Азбаски кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба роҳи демократикунонии ҷомеа нав қадам мегузошт, бо мақсади демократикунонии минбаъдаи ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, тақвияти ваҳдати миллӣ ва ризоият дар ҷомеа, татбиқи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, таъмини гуногунандешии сиёсӣ ва идеологӣ, иштироки озоди ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, табақаҳо ва гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ дар интихоботи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идоракунии давлат мутобиқи Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқи байналхалқии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда, ҳанӯз бисту як сол муқаддам – 1 декабри соли 1999, таҳти №2 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ» ба имзо расида буд, ки он низ барои рушди минбаъдаи демократия дар кишвар заминаи мусоиде фароҳам овард.

Баъди гузашти солҳо Пешвои муаззами миллат  зимни суханронӣ дар Анҷумани VI ғайринавбатии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон моҳи декабри соли 1999 таъкид намуда буданд, ки «яке аз хусусиятҳои асосии ҷомеаи демократӣ ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ мебошад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол шаклу усулҳои нодири чунин ҳамкориҳо ба вуҷуд омадаанд. Сохторҳои давлатии мамлакатҳои хориҷи дуру наздик ба таҷрибаи мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд».

Ин аст, ки то ҳол дар Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятӣ фаъол буда, намояндагони ниҳодҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла аҳзоби сиёсӣ ба он шомиланд, ки то имрӯз дар тақвияти ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ саҳми муносиб мегузоранд.

Дар ин Шӯро, ки низ бо пешниҳоди Роҳбари давлат таъсис ёфта буд, масъалаҳои муҳими иқтисодиву сиёсии мамлакат баррасӣ гардида, таклифу пешниҳодҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳалли ин ё он масъала ба инобат гирифта мешаванд.

Айни ҳол дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафт ҳизби сиёсӣ– Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, фаъолияти сиёсӣ мебаранд.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2016 тариқи райъпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуда буд, таъкид шудааст, ки ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ барои ташаккул ва ифодаи иродаи халқ мусоидат мекунанд ва дар ҳаёти сиёсӣ иштирок менамоянд.

Ба андешаи муаллифони мақолаи «Нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар танзими дараҷаи ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ №3, 2019)  А.С. Саидов ва А.А. Қосимов, «маъмулан аҳзоби сиёсӣ ҳамчун пайвандгар байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хизмат мекунанд ва азбаски онҳо унсури пешрафтаи ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд, пас ҳатман  бояд вазифаи сиёсии худро барои таҳким ва муқаррар кардани он истифода баранд».

Барои амалӣ намудани чунин ҳадафҳо аҳзоби сиёсӣ бояд идеологияи ҳизбии худро дошта бошанд ва вобаста ба талаби замон барномаҳои мушаххасе омода намуда, барои рушди ҷомеа саҳм гузоранд.

Зеро тавре узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар мақолааш дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№74, аз 22.04.2014) таъкид мекунад: «ҳадафи эҷодкорони идеология ва субъектҳои пешбарандаи ин ғояҳо дар он аст, ки одамон аз лиҳози манфиатҳои онҳо ба олам назар кунанд».

Зеро фаъолияти ҳизби сиёсӣ ва идеология аз ҳар ҷиҳат ба ҳам алоқаманд буда, фаъолияти сиёсии ҳизби сиёсӣ асосан ба шакли тарғиботи онҳо ва обруву нуфузи аҳзоби сиёсӣ дар байни ҷомеа асосан ба идеологияи ҳизбӣ вобастагии қавӣ дорад.

Чунин ба назар мерасад, ки дар амалӣ намудани рисолати ҳизбӣ яке аз аҳзоби бонуфузи кишвар – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода, дар ҳама самтҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат нақши  он бештар дида мешавад.

Аммо, мутаассифона дар кишвар ҳизбҳое мавҷуданд, ки бо манзур намудани ду-се пешниҳодҳои сатҳӣ воҳима мекунанд, ки гӯё кори бузургеро анҷом дода бошанд.

Чунин амалкарди баъзе аҳзоби сиёсӣ солҳост, ки идома дорад ва вобаста ба масъалаи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 19 марти соли 1997 зимни суханронӣ дар мулоқот бо зиёиёни кишвар таъкид намуда буданд, ки алҳол фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи ташкилот ва мақомоти нашриётиашон маҳдуд аст.

Дар робита ба ин узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Абдураҳмон Муҳаммад   дар китоби худ «Сиёсатшиносӣ» (Душанбе, 2010) таъкид кардааст, ки ҳатто то имрӯз баъзе ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ба вазъи сиёсии мамлакат пурра сарфаҳм нарафта, ба қобилияти иқтисодиву сиёсии хеш дуруст баҳогузорӣ карда наметавонанд.

Бинобар ин муҳим аст, ки ҳизбҳо ҷиҳати зиёд намудани аъзоён ва ҷонибдорони худ ба самти идеологии фаъолият таваҷҷуҳи бештаре дошта бошанд ва идеологияи ҳизбиро такмил дода, барои марҳилаи минбаъдаи фаъолияти сиёсӣ тарғиботро бештару хубтар ба роҳ монанд.

Бо вуҷуди ин ки амалӣ намудани низоми бисёрҳизбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос гузоштаанд, аммо то ҳол масъалаи мазкур аз ҷониби олимону мутахассисони соҳа ба таври пурра ва комил  омӯхта нашудааст.

Хуб мебуд агар  барои омӯзиши фаъолияти ҳизбҳои сиёсии кишвар, саҳми онҳо дар рушди ҷомеа ва нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол, инчунин омӯзиши пурраи марҳилаи таъсисёбиву фаъолияти онҳо дар даврони истиқлолияти кишвар дар заминаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши ҳизбшиносӣ таъсис дода  мешуд.

Бо назардошти гуфтаҳои боло, метавон ба натиҷае расид, ки ҳизбҳои сиёсӣ дар сурати истифодаи дурусти имкониятҳо ва амалӣ намудани корҳои тарғиботии дар қонунгузории кишвар пешбинишуда метавонанд ҳамчун унсури муҳими низоми сиёсӣ дар ташаккули афкори сиёсии ҷомеа ва рушди демократия дар Тоҷикистон саҳми назаррас гузошта бошанд.  Чунонки алҳол барои амалӣ намудани ин гуна рисолат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муваффақ шудааст.

Дар баробари ин, барои амалӣ намудани ин мақсадҳо зарур медонем, ки пеш аз ҳама фарҳанги ҳизбдорӣ байни масъулини ҳизбҳои сиёсии кишвар ва донишҳои сиёсии онҳо боз ҳам баландтар бардошта шавад.

Дар ин замина таҳия ва нашри Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» аз ҷониби сиёсатшиносону ҳуқуқшиносон ва пешниҳод намудани он барои доираи васеъи хонандагон, махсусан ба аъзоён ва фаъолони аҳзоби сиёсиии кишвар ба манфиати кор хоҳад буд.

Илова бар ин, барои боз ҳам боло бурдани нақш ва мақоми ҳизбҳо дар ҷомеа омӯзиши таҷрибаи ҳизбҳои дигари пешрафтаи ҷаҳон, барқарор намудани робитаҳои доимӣ бо онҳо барои пешбурди кори ҳизбӣ мусоидат хоҳанд намуд.

Агар ҳастии ҳаёт аз чор унсур (об, хок, оташ ва бод) иборат бошад, пас ба андешаи мо, садоқат ба демократия, барномаи мушаххаси ҳизбии ҷавобгӯ ба хостаҳои мардум, идеологияи пурқуввати ҳизбӣ ва лидери соҳибтаҷриба метавонанд ҳамчун унсурҳои муҳим барои мавҷудият ва дарозумрии ҳизб дар ҳаёти сиёсӣ мусоидат намояд.

Ҳамчунин дар ин замина зарур дониста мешавад, ки ҳизбҳо кӯшиш намоянд, ки байни ҳам рақобати солими сиёсӣ дошта бошанд ва аз ҳарзагӯиҳои беҳуда худдорӣ, аз изҳоротҳои осемасар, ки баъдан обруву нуфузи ҳизбро дар байни ҷомеа то андоза метавонад паст намояд, инчунин заифнолиҳо даст кашида, баръакс дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ кӯшиш намоянд, ки барои худ шарикони сиёсӣ пайдо ва барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои оинномавиашон ва дар ин замина ҷиҳати инкишофи маданияти сиёсии ҷомеа кӯшиш намоянд.

Дар ин сурат метавон муваффақ шуд, ки ҳизбҳои сиёсиро  аҳли ҷомеа ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҳаёти сиёсӣ шиносад, аъзо ва ё ҷонибдори он бошад ва ҳадафҳои оинномавии ин ё он ҳизбро дастгирӣ намояд.

Мавҷудияти низоми бисёрҳизбӣ, ки поягузори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд, метавонад идоракунии сиёсиро боз ҳам тақвият бахшида, барои устуворӣ ва бардавомии низоми сиёсии давлати демократӣ, ки дар чунин низоми сиёсӣ идоракунии давлат дар ихтиёри ҳокимияти халқ аст, мусоидат намояд.

Ҷамшед ОБИДЗОДА,
унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

ДАР АКСҲО: Анҷумани 13-уми ҲХДТ, 13 декабри соли 2019

Ноябрь 16, 2020 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

COVID-19. Ба Тоҷикистон боз 868 ҳазор воя ваксинаҳои зидди ин беморӣ ворид шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВОЛОНТЁРОН. Ризокорон ба одамон кумак расонида, мехоҳанд ҷомеаро ба пеш баранд
«ҲЕҶ КОРЕ НЕСТ БЕ ЗАН, ХУБ ШУД…». Аз рӯзи ба имзо расидани Фармони Президент «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» расо 22 сол сипарӣ гардид
«БЕШТАР МЕВАЮ САБЗАВОТ ИСТЕЪМОЛ КУНЕД!». Профессор Ҷаҳон Азонов маҳсулотеро номбар кард, ки метавонанд коронавирусро бо шикаст мувоҷеҳ намоянд
«ҶАНОБИ ОЛӢ ФАРЗАНДИ СИДДИҚИ* ИН КИШВАР АСТ». Чунин иброз дошт донишманди афғонтабори муқими Олмон Муҳсини Салҷуқӣ
COVID-19: Дабири кулли СММ даъват кард, ки нагузоранд штамми омикрон дубора ҷаҳонро зер кунад
Ба Тоҷикистон 698 ҳазору 500 воя воксинаи «AstraZeneca» ворид гардид
COVID-19. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион нафар бар зидди сирояти мазкур ваксина гирифтаанд
СУТ изҳор дошт, ки пайдоиши штамми омикрон далели вазъияти хатарнок дар ҷаҳон аст
ТАВАҶҶУҲ! Сармутахассиси ИМА оид ба бемориҳои сироятӣ реваксинатсияро боэътимодтарин муҳофизат аз «омикрон» медонад. Қаблан зарурати реваксинатсияро профессори тоҷик низ таъкид карда буд
Маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар Тоҷикистон 51,1% иҷро гардид
БАРОИ ИМРӮЗ ВА ФАРДО. Нахустин Парчами давлатӣ, ки Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон онро бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ бӯсида буданд, дар Осорхонаи миллӣ ҳифз мешавад