Пулмонолог хатарноктарин паҳнкунандагони коронавирусро номбар кард

Ноябрь 13, 2020 12:40

ДУШАНБЕ, 13.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Духтури хизматнишондодаи Россия, пулмонолог Александр Карабиненко (ДАР СУРАТ) хатарноктарин паҳнкунандагони коронавирусро номбар кард, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Ба ақидаи ӯ, одамоне, ки бемории COVID-19-ро аз сар гузаронидаанд ва баъдан аз пӯшидани воситаҳои муҳофизатии инфиродӣ даст мекашанд, барои атрофиён хатари ниҳоят калон доранд.

«Коронавируси аз сар гузаронидашуда одамонро, ки бе ниқоб гаштугузор мекунанд, аз сироятёбӣ наҷот намедиҳад. Онҳо озодона ва бидуни мамониат коронавирусро паҳн мекунанд”, — гуфт Карабиненко зимни  мусоҳиба бо lenta.ru.

Духтур фаҳмонид, ки коронавирус ҳатто пас аз гузаронидани беморӣ дар роҳҳои болоии нафаскашӣ боқӣ мемонад ва маҳз бо ҳамин сабаб ҳама одамон бояд ниқоб пӯшанд.

«Одамоне, ки ниқоб намепӯшанд, паҳнкунандаҳои фаъоли коронавирус мебошанд. Ва пеш аз ҳама, инҳо кӯдакон, ҷавонон  мебошанд, касоне, ки ба онҳо исбот кардани чизе бисёр душвор аст. Якравӣ мекунанд», — хулоса кард Карабиненко.

АКС: front-test.fedpress.ru

Ноябрь 13, 2020 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон