Доктор Ораш Алоӣ, роҳбари Институти байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқоти ИМА: Тоҷикистон дар бобати пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 назар ба давлатҳои монанди худ беҳтарин ҳисобида мешавад

Ноябрь 25, 2020 07:30

ДУШАНБЕ, 25.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19  назар ба давлатҳои монанди худ беҳтарин ҳисобида мешавад. Зеро Ҳукумати ин мамлакат дар нахустин лаҳзаҳои ба қайд гирифтани бемории коронавирус  ҳудудҳои  худро бо дигар давлатҳо баст, фаъолияти тарабхона ва меҳмонхонаҳоро қатъ кард, мардум дар кӯчаҳо бо ниқоби тиббӣ гаштугузор менамуданд, ки ин аз барномаи хуб доштани ин давлат дарак медод. Ин нуктаро директори Институти байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқоти ИМА доктор Ораш Алоӣ дар Душанбе зимни  ҳамоиш оид ба инъикоси масоили вобаста ба бемории COVID- 19, ки бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ доир гардид, иброз дошт.

Сабаби дигари ин ҳолатро Ораш Алоӣ ба он рабт дод, ки 80 фоизи аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ намуда, аҳолии шаҳр камтар мебошад ва дар деҳот мардум бештар дар фазои кушод аз боду ҳавои  тоза нафас мегиранд, ки ин яке аз омилҳои асосии камтар ба бемории коронавирус гирифтор шудани аҳолӣ мебошад.

Доктор Ораш Алоӣ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳоло шумораи нафароне, ки дар кӯчаҳо бе ниқоби тиббӣ мегарданд, зиёд ба назар мерасад. Инчунин бо омадани фасли сармо мардум дару тирезаҳои утоқҳои корӣ ва хонаҳоро пӯшида, ҳароратро аз 18 дараҷа зиёд мекунанд, ки инҳо сабаби авҷ гирифтани бемории COVID-  19 шуда метавонанд.

Аз ин рӯ номбурда тавсия медиҳад, ки бояд аҳолӣ дар  фасли сармо ҳарорати утоқҳоро аз 18 дараҷа зиёд накунанд, тез-тез ҳавои хонаро тоза намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд ва дар ҷойҳои серодам ҷамъ нагардида, масофаи иҷтимоиро риоя намоянд.

Ёдовар мешавем, ки доктор Ораш Алоӣ, ки дар Ню-Йорк зиндагӣ мекунад, ба ҷомеаи тиббии Тоҷикистон хуб шинос аст. Чанд сол аст, ки ӯ ҳамчун коршиноси байналмилалӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад.

Ноябрь 25, 2020 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд