«Роҳнамо оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа».Таҳти ин унвон дар Левакант машварати омӯзишӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 20.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари барномавии САҲА таҳти унвони «Роҳнамо оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа» семинар- машварати омӯзишӣ баргузор намуданд, ки дар он нозирони минтақавии милитсия ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди шуъбаи ВКД дар ноҳияи Леваканти вилояти Хатлон иштирок карданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар семинар-машварат сардори кафедраи фанҳои ҳуқуқи граждании Академияи ВКД, подполковники милитсия А. Абдулаҳадзода ва дотсенти кафедраи фанҳои ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии Академияи мазкур С. Нуриддинзода дар мавзӯи мавриди назар ибрози назар карданд.
Нозирони минтақавии милитсия ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дар кори семинари омӯзишӣ фаъолона иштирок намуда, фикру андешаи худро оид ба мушкилоти ҷойдошта дар самти ҳамкории милитсия бо ҷомеа, роҳҳои ҳалли он, инчунин густариши ин робита, ки дар нигоҳ доштани тартиботи ҷамъияти нақши муҳим доранд, баён намуданд. Иштирокдорони семинар аз ташкили чунин семинарҳои омӯзишӣ изҳори хушнудӣ намуда, иброз доштанд, ки доир намудани ин гуна ҷамъомадҳои машваратӣ барои боз хам таҳким ёфтани ҳамкории милитсия бо ҷомеа мусоидат менамояд.
Дар хотимаи семинари омӯзишӣ ба ҳамаи иштирокчиён «Роҳнамои ҳамкории милитсия бо ҷомеа» воситаҳои айёнии ахборотдиҳӣ ҷиҳати ҳамкорӣ бо ҷомеа ва дигар маводи зарурӣ тақдим гардид.










Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






