«Роҳнамо оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа».Таҳти ин унвон дар Левакант машварати омӯзишӣ баргузор гардид

Ноябрь 20, 2020 10:48

ДУШАНБЕ, 20.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари барномавии САҲА  таҳти  унвони  «Роҳнамо оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа» семинар- машварати омӯзишӣ  баргузор намуданд, ки дар он   нозирони минтақавии милитсия ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди шуъбаи ВКД  дар ноҳияи Леваканти вилояти Хатлон иштирок карданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар семинар-машварат сардори кафедраи фанҳои ҳуқуқи граждании Академияи ВКД,  подполковники милитсия А. Абдулаҳадзода ва дотсенти кафедраи фанҳои ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии Академияи мазкур  С. Нуриддинзода дар мавзӯи мавриди назар ибрози назар карданд.

Нозирони минтақавии милитсия ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дар кори семинари омӯзишӣ фаъолона иштирок намуда, фикру андешаи худро оид ба мушкилоти ҷойдошта дар самти ҳамкории милитсия бо ҷомеа, роҳҳои ҳалли он, инчунин густариши  ин робита, ки дар нигоҳ доштани тартиботи ҷамъияти нақши муҳим доранд,  баён намуданд. Иштирокдорони семинар  аз ташкили чунин семинарҳои омӯзишӣ  изҳори хушнудӣ намуда, иброз доштанд, ки доир намудани ин гуна ҷамъомадҳои машваратӣ  барои боз хам таҳким  ёфтани  ҳамкории милитсия бо ҷомеа мусоидат менамояд.

Дар хотимаи семинари омӯзишӣ ба ҳамаи иштирокчиён «Роҳнамои ҳамкории милитсия бо ҷомеа»  воситаҳои айёнии ахборотдиҳӣ ҷиҳати ҳамкорӣ бо ҷомеа ва дигар маводи зарурӣ  тақдим гардид.

 

Ноябрь 20, 2020 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд
Пагоҳ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад