Сафири Тоҷикистон Ардашер Қодирӣ аз Китобхонаи миллии Малайзия боздид намуд
ДУШАНБЕ, 23.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ аз Китобхонаи миллии Малайзия боздид намуда, бо Мудири кулли Китобхонаи мазкур хонум Майзан бинти Исмоил мулоқот кард.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо оид ба роҳандозии ҳамкорӣ байни китобхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Малайзия мубодилаи афкор намуда, дар ин замина имзо кардани Ёддошти тафоҳумро зарур шумориданд. Ҳамчунин аҳамияти талошҳои муштаракро барои рушду таҳкими ҳамкорӣ ба нафъи мардумони ду давлат таъкид доштанд.
Дар ҷараёни мулоқот Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Китобхонаи миллии Малайзия тақдим кард.








Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд






