Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон мулоқот намуд

Ноябрь 19, 2020 16:40

ДУШАНБЕ, 19.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр дар Тошканд мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ бо муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фарҳод Арзиев баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки ҳоло ҳаҷми гардиши тиҷорат байни ду кишвар аз 196,8 млн доллари ИМА-и соли 2016 ба 500 млн доллари ИМА расидааст.

Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба ҷониби Тоҷикистон барои дастгирии номзадии Ӯзбекистон дар интихоботи Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид изҳори миннатдорӣ кард.

Ҷонибҳо инчунин барои мусоидат ба густариш ва рушди бештари ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаҳои гуногун изҳори омодагӣ намуданд.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Ноябрь 19, 2020 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд