Сифатҳои парвариши картошкаи барвақтӣ дар шароити вилояти Хатлон ба деҳқонон фаҳмонида шуданд
ДУШАНБЕ, 30.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Хусусиятҳои хоси парвариши картошкаи барвақтӣ дар шароити вилояти Хатлон» зимни машварате, ки бо ибтикори Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритус гузаронида шуд, матраҳ гардид.
Дар машварат бо тавсияи олимони Иниститути кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии «Мирвайс Қирон» ва «Асадбек»-и ноҳияи Қубодиён тарзи шинонидани картошка ба деҳқонон ва хоҷагидорон фаҳмонда шуда, зикр гардид, ки дар кишти тирамоҳии картошка лӯндаи шинонидаи картошка бояд аз 40 то 60 граммро дар бар гирад ва бо нуриҳои минералию пору шинонида шавад, то дар фасли сармо зарар набинад.
Мутахассисони соҳа шинонидани тухмии картошкаи майда ва буридани картошкаро дар кишти тирамоҳӣ тавсия надоданд, чунки ҳосили кам ба даст оварда мешавад. Дар хоҷагиҳои зикргардида кишти картошка бо усули дастӣ ва истифода аз техникаи муосир оғоз гардид, ки иштирокдорони семинар ба тарзи шинонидани тухмӣ бо техникаи муосир баҳои баланд доданд. Ҳамзамон зимни шинонидани картошкаи тирамоҳӣ Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Сулаймон Зиёзода ва муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода оид ба кишти картошка тавсияҳо доданд.
Иштирокдорони машварат аз ҷараёни самаранок истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигии сокини деҳаи «Чорбоғ»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов- оилаи Давлатовҳо дидан намуда, дар хоҷагии деҳқонии «Сайфулло»-и Ҷамоати деҳоти «Тахти Сангин» бо парвариши сирпиёз, бехпиёз, сабзӣ, турб, юнучқа, кишти картошка дар байни заминҳои боғ шинос гардиданд. Инчунин аз ҷараёни ҷамъоварии ҳосили картошка аз кишти такрорӣ ва кишти картошкаи барвақтӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Шаҳритус боздид намуданд.
Дар ҷараёни машварат олимони соҳа ба деҳқонон оид ба гузаронидани кишти барвақтӣ, интихоби дурусти тухмиҳои босифати картошка мувофиқ ба шароити минтақа ва дигар тухмии полезиҳо, муборизаи саривақтӣ бар зидди касалию ҳашароти зараррасони картошка тавсияҳо доданд.








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






