Сифатҳои парвариши картошкаи барвақтӣ дар шароити вилояти Хатлон ба деҳқонон фаҳмонида шуданд

Ноябрь 30, 2020 15:28

ДУШАНБЕ, 30.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Хусусиятҳои хоси парвариши картошкаи барвақтӣ дар шароити вилояти Хатлон» зимни машварате, ки бо ибтикори Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритус гузаронида шуд, матраҳ гардид. 

Дар машварат бо тавсияи олимони Иниститути кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии «Мирвайс Қирон» ва «Асадбек»-и ноҳияи Қубодиён тарзи шинонидани картошка ба деҳқонон  ва хоҷагидорон фаҳмонда шуда, зикр гардид, ки дар кишти тирамоҳии картошка лӯндаи шинонидаи картошка бояд аз 40 то 60 граммро дар бар гирад ва бо нуриҳои минералию пору шинонида шавад, то дар фасли сармо зарар набинад.

Мутахассисони соҳа шинонидани тухмии картошкаи майда ва буридани картошкаро дар кишти тирамоҳӣ тавсия надоданд, чунки ҳосили кам ба даст оварда мешавад. Дар хоҷагиҳои зикргардида кишти картошка бо усули дастӣ ва истифода аз техникаи муосир оғоз гардид, ки иштирокдорони семинар ба тарзи шинонидани тухмӣ бо техникаи муосир баҳои баланд доданд. Ҳамзамон зимни шинонидани картошкаи тирамоҳӣ Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Сулаймон Зиёзода  ва муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода оид ба кишти картошка тавсияҳо доданд.

Иштирокдорони машварат аз ҷараёни самаранок истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигии сокини деҳаи «Чорбоғ»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов- оилаи Давлатовҳо дидан намуда, дар хоҷагии деҳқонии «Сайфулло»-и Ҷамоати деҳоти «Тахти Сангин» бо парвариши сирпиёз, бехпиёз, сабзӣ, турб, юнучқа, кишти картошка дар байни заминҳои боғ шинос гардиданд. Инчунин аз ҷараёни ҷамъоварии ҳосили картошка аз кишти такрорӣ ва кишти картошкаи барвақтӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Шаҳритус боздид намуданд.

Дар ҷараёни машварат олимони соҳа ба деҳқонон оид ба гузаронидани кишти барвақтӣ, интихоби дурусти тухмиҳои босифати картошка мувофиқ ба шароити минтақа ва дигар тухмии полезиҳо, муборизаи саривақтӣ бар зидди касалию ҳашароти зараррасони картошка тавсияҳо доданд.

Ноябрь 30, 2020 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид