Сиёсати сулҳофарини Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат мактаби омӯзиш барои ҷаҳониён аст – бардошт аз ҳамоиш дар Хадамоти иҷро

Ноябрь 16, 2020 14:30

ДУШАНБЕ, 16.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президент ҳамоиш доир карда шуд.

-Ҷашни Рӯзи Президент дар радифи ҷашнҳои Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ тантанаи сулҳу осудагӣ, ҳамдилӣ, ҷашни созандагиву бунёдкориҳо дар роҳи расидан ба ормонҳои бузурги миллист. Он ҷашни давлатдории навини тоҷикон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад,-иброз намуд сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода дар ҳамоиш.

«Сиёсати сулҳофарини Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат мактаби омӯзиш барои ҷаҳониён аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсии ҷаҳон иртиботи ногусастанӣ ба сиёсати сулҳофариниву ваҳдатсароӣ дорад, зеро ин шахсияти бузург тавонистанд сулҳу оромиро дар мамлакат барқарор кунанд, миллати парокандаро ба ҳам оранд ва шарораи умеду эътимод ба ояндаро дар дили ҳар сокини Тоҷикистони соҳибистиқлол барафрӯзанд. Аз ин рӯ,  таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар шаҳрванди баору номус, бедордилу хештаншинос рӯзи фараҳу шодмонӣ, саодату пирӯзӣ  ва ифтихор аз таъриху тамаддуни бузурги миллати бостонии мо мебошад»,-афзуд Барно Саидвализода.

Инчунин сардори Хадамот афзуд, ки моро зарур аст баҳри нигоҳ доштани сулҳу субот, ободии мамлакат ва ояндаи неки фарзандон содиқонаву софдилона ба давлат ва миллат хизмат намоем.

Дар охири ҳамоиш кормандоне, ки  ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ сазовор гаштаанд, аз ҷониби сардори  Хадамоти мазкур бо рутбаҳои дараҷавӣ сарфароз гардиданд.  Ҳамчунин бахшида ба ин санаи муҳим  ба кормандони Хадамот кумаки моддӣ расонида шуд.

Ноябрь 16, 2020 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон