Сокинони ду деҳаи шаҳри Турсунзода бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд

Ноябрь 30, 2020 11:49

ТУРСУНЗОДА, 30.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»,  солҳои 2018-2028 дар деҳаи Чанори Ҷамоати деҳоти Қаратоғ ва деҳаи Кадучии Ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода хатҳои оби нӯшокӣ мавриди баҳрабардории сокинон қарор гирифтанд. Ба ин муносибат бо иштироки роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамоиш баргузор шуд.

Ҷиҳати амалӣ намудани ин корҳои муҳим ба соҳибкорон, фаъолон ва аҳли деҳаҳо арзи сипоси намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода баён гардид.

Тибқи иттилои котиби матбуоти шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов, хати оби нӯшокии деҳаи Чанор  аз масофаи 4500 метр бо қубури қутраш 90 мм  кашида шуда, аҳолии беш аз 1400-нафараи деҳаи Чанорро бо оби нӯшокӣ таъмин менамояд. Инчунин хати оби нӯшокии сокинони деҳаи Кадучӣ давоми ду моҳи охир тариқи ҳашари дастаҷамъона аз пояи кӯҳ то деҳа кашида шуда, масофаи он тақрибан 5 км мебошад.

Анҷоми корҳои мазкур бо ҳашари дастаҷамъонаи сокинони деҳа дар ҳамкорӣ бо мутахассисон ва техникаҳои Корхонаи истифодабарии оби нӯшокии деҳоти шаҳри Турсунзода сурат гирифт.

Зимни ифтитоҳи иншооти мазкур муовини раиси шаҳр Ҳамдам Долизода иштирок намуда, ба сокинони  ду ҷамоат барои корҳои дастаҷамъона ҷиҳати кашидани хати оби нӯшокӣ ва ба соҳибкорону  сокинони ин деҳаҳо, ки дар ин иқдоми муҳим саҳм гузоштаанд, изҳори сипос кард. Ӯ иброз дошт, ки мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат имрӯзҳо бунёдкорию созандагиро пешаи худ намудаанд.

Ноябрь 30, 2020 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад