Судяҳои Суди шаҳри Турсунзода зиёда аз 50 оилаи ҷудошавандаро барқарор намуданд
ТУРСУНЗОДА, 25.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имсол ҳарчанд баррасии парвандаҳои оилавӣ нисбат ба соли гузашта 15 адад зиёд шуда бошад ҳам, вале судяҳои Суди шаҳри Турсунзода кӯшиш намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, Шӯрои занон ва додани имконияти қонунӣ зиёда аз 50 оилаи ҷудошавандаро барқарор намоянд. Дар ин бора муовини раиси Суди шаҳри Турсунзода Раҳимҷон Вализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Судяҳои Суди шаҳри Турсунзода соли равон вобаста ба шарҳу тафсири нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таблиғу ташвиқи қонунҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва дигар падидаҳои хавфноку хатарнок дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр 164 вохӯрӣ гузаронида, ба воситаи рӯзномаҳо, телевизион ва радио дар мавзӯъҳои мавриди назар изҳори андеша намуданд.
Соли ҷорӣ Суди шаҳри Турсунзода 2166 парвандаро баррасӣ намуд, ки аз он 111 адад парвандаи ҷиноятӣ, 309 адад парвандаи гражданӣ, 1001 адад парвандаи оилавӣ ва 555 адад парвандаи маъмурӣ мебошад. Хушбахтона, имсол дар шаҳри Турсунзода сатҳи ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ нисбатан паст мебошад. Ҳамин аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108 парвандаи ҷиноятӣ ва 224 парвандаи маъмурӣ камтар ба қайд гирифта шудааст.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






