Судяҳои Суди шаҳри Турсунзода зиёда аз 50 оилаи ҷудошавандаро барқарор намуданд

Ноябрь 25, 2020 09:58

ТУРСУНЗОДА, 25.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имсол ҳарчанд   баррасии парвандаҳои оилавӣ нисбат ба соли гузашта 15 адад зиёд шуда бошад ҳам, вале судяҳои Суди шаҳри Турсунзода кӯшиш намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода,  Шӯрои занон ва додани имконияти  қонунӣ  зиёда аз 50 оилаи ҷудошавандаро барқарор намоянд. Дар ин бора муовини раиси Суди шаҳри Турсунзода Раҳимҷон Вализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Судяҳои Суди шаҳри Турсунзода соли равон вобаста ба шарҳу тафсири нуктаҳои асосии  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таблиғу ташвиқи қонунҳои миллӣ,  пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва дигар падидаҳои хавфноку хатарнок дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр 164 вохӯрӣ гузаронида, ба воситаи рӯзномаҳо, телевизион ва радио дар мавзӯъҳои мавриди назар изҳори андеша намуданд.

Соли ҷорӣ Суди шаҳри Турсунзода 2166 парвандаро баррасӣ намуд, ки аз он 111 адад парвандаи ҷиноятӣ, 309 адад парвандаи гражданӣ, 1001 адад парвандаи оилавӣ ва 555 адад парвандаи маъмурӣ мебошад. Хушбахтона, имсол дар шаҳри Турсунзода сатҳи ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ нисбатан паст мебошад. Ҳамин аст, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  108 парвандаи ҷиноятӣ ва 224 парвандаи маъмурӣ камтар ба қайд гирифта шудааст.

Ноябрь 25, 2020 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд