Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли видеоконфронс

Ноябрь 10, 2020 18:43

 10.11.2020, ш.Душанбе

 

Муҳтарам ҷаноби Раис,

Муҳтарам ҳамтоён ва роҳбарони ҳайатҳо!

Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин барои ташкили ҷаласаи имрӯза миннатдории худро баён намоям.

Ҷониби Россия давоми раёсати худ барои нигоҳ доштани суръати фаъолияти босуботи Созмони мо корҳои зиёдеро иҷро намуд ва ба як қатор натиҷаҳои назарраси амалӣ ноил гардид.

Мо қабул шудани бастаи як қатор қарорҳо ва ҳуҷҷатҳоро дар ҷамъбасти ҷаласаи имрӯза, ки масъалаҳои мубрами кори муштараки минбаъдаи моро фаро мегиранд, тасдиқ мекунем.

Ҳамтоёни муҳтарам,

Раёсати СҲШ ба Тоҷикистон мегузарад ва он аз рӯи замон бо ҳамоиши ҷашнии Созмон рост меояд.

Дар ин робита мехоҳам мухтасаран диди худро дар бораи самтҳои асосии кори муштаракамон дар давраи оянда баён кунам.

Тоҷикистон ният дорад, ки дар асоси усули пай дар пайӣ  ҷиҳати рушди минбаъдаи Созмонамон ва таҳкими иқтидори он фаъолият намояд.

Дар пасманзари пандемияи коронавирус мо имрӯз бо таҳдидҳои нави иҷтимоӣ — иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудаем.

Ба иқтисоди миллии кишварҳо, аз ҷумла ба Тоҷикистон зарари қобили мулоҳиза расонида мешавад.

Пандемия ба раванди рушди иқтисоди ҷаҳонӣ тасҳеҳоти муайян ворид кард.

Вай омили афзоиши тунди бекорӣ, монеи маҷрои сармоягузорӣ ва рушди тиҷорат гардид.

Баъзе кишварҳо метавонанд ба таҳдидҳои амнияти озуқаворӣ рӯ ба рӯ шаванд.

Тибқи арзёбиҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, таъсири манфии оқибатҳои пандемия ба иқтисоди ҷаҳонӣ тӯлонӣ хоҳад буд.

Аён аст, ки ин таҳдидҳо моро ба андешидани тадбирҳои зарурии таъхирнопазир ҷиҳати вокуниши муносиби муштарак бо онҳо водор месозанд.

Дар ин замина, тавсеаи ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дар фазои СҲШ бениҳоят муҳим аст.

Афзалияти дигари раёсати худро мо дар таҳкими минбаъдаи ҳамоҳангии дохилии Созмонамон бо истифода аз тамоми имконот ва захираҳои мавҷуда барои дастгирии мутақобила мебинем.

Ба кишварҳои узви СҲШ барои кумакашон ба Тоҷикистон ва дастгириашон дар мубориза бо пандемия изҳори миннатдорӣ мекунам.

Дар бахши афзалият дар соҳаи ҳамкории мутақобилаи иқтисодӣ, ба назари мо ба таҳкими робитаҳои мутақобилаи судманди хоҷагидорӣ таваҷҷуҳ намудан зарур аст.

Муҳимияти таҳия ва қабули минбаъдаи Нақшаи чорабиниҳои  аввалиндараҷаи ба коҳиш ва рафъи оқибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии буҳрони кунунӣ равонашударо дар доираи СҲШ таъкид менамоем.

Ҳаллу фасли масъалаи таъсиси ташкилоти махсуси молиявии Созмон аҳамияти калон дорад.

Умедворем, ки мавқеъҳои давлатҳои узв оид ба ин масъала наздик хоҳанд шуд.

Ба Шӯрои соҳибкорон ва Ассотсиатсияи байнибонкии СҲШ зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии молиявӣ механизмҳои самарабахши дастгирии соҳибкории хурд ва миёна, инчунин воридшавии сармояҳоро коркард намоянд.

Мо ният дорем, ки масъалаҳои истифодаи васеи имконоти транзитии фазои СҲШ-ро пеш барем.

Зарурати афзудани ҳамкорӣ дар бахшҳои истеҳсолоти саноатӣ ва энергетика, ба шумули соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, хусусан неруи барқи обӣ ба миён омадааст.

Мо ният дорем, ки нахустин ҷаласаи вазирони саноат ва энергетикаи кишварҳои узви СҲШ-ро баргузор кунем.

Дар нақшаи чорабиниҳои давравии раёсати мо инчунин дар Тоҷикистон баргузор намудани ҷаласаи вазирони кишоварзии далатҳои узв бо иштироки идораҳои масъули амнияти озуқаворӣ пешбинӣ шудааст.

Умедворем, ки дар доираи ҷаласаи мазкур маҷмӯи масъалаҳои марбут ба рафъи оқибатҳои ғизоии пандемия ба таври ҷиддӣ муҳокима хоҳанд шуд.

Мо ният дорем, ки ба коркарди заминаи ҳуқуқии интиқоли бемамониати молҳои барои ҷомеа муҳим, аз ҷумла хӯрокворӣ ва доруворӣ мусоидат намоем.

Бо дарназардошти идома ёфтани пандемия, аҳамияти хоси масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нигоҳдории тандурустӣ бештар мешавад.

Инчунин мехоҳам ба таври алоҳида аҳамияти ҳамкории фаъолро дар самти пешгирӣ ва табобати Ковид-19 зикр намоям.

Дар заминаи ҳамкории башардӯстона Тоҷикистон ҳамчун раис, аз тамоми пешниҳодҳо ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва илм, фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ,  инчунин кор бо ҷавонон истиқбол хоҳад кард.

Дар шароити кунунӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ба шумули масъалаҳои тағйирёбии иқлим аҳамияти махсус дорад.

Умедвори дастгирии минбаъдаи шариконамон дар татбиқи ташаббусҳои мо оид ба рӯзномаи ҷаҳонии об, аз ҷумла пешниҳод дар бораи таъсиси Бунёди байналмилалии муҳофизати пиряхҳо мебошем.

Ҳамтоёни муҳтарам,

Сулҳи босубот ва амният дар фазои СҲШ гарави рушди муваффақонаи мо мебошад.

Дар ин замина, мо идома додани кори муштараки мақсаднокро дар мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ ва чолишҳои амниятӣ зарур мешуморем.

Муқобилият бо тавсеаи идеологияи радикалӣ, хусусан дар байни ҷавонон, инчунин истифодаи технологияҳои нав, аз ҷумла манбаъҳои интернетӣ бо мақсадҳои ҷиноӣ саъй ва кӯшишҳои муштаракро тақозо мекунад.

Дар қатори масъалаҳои амнияти киберӣ, мо ба мушкилоти рафъи сабабҳои иҷтимоии зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ диққати зарурӣ хоҳем дод.

Табиати чолишҳо ва таҳдидҳо гуногун аст ва аз ин рӯ ҳар яки онҳо бархӯрди алоҳида ва хосро тақозо мекунад.

Дар ин замина, мо бори дигар аҳамияти пешниҳоди қаблии худро дар мавриди таъсиси Маркази доимоамалкунандаи зидди маводи мухаддири СҲШ-ро дар Душанбе таъкид мекунем.

Дар доираи раёсати худ, мо ният дорем ба густариши ҳамкории давлатҳоямон дар самти идораҳои мудофиа ва хадамоти марзбонӣ мусоидат кунем.

Дар ин замина, идомаи ҳамкорӣ дар таҳкими иқтидори давлатҳоямон дар бахши ҳимояи марзҳои хориҷӣ дар самти Осиёи Марказӣ вазифаи муҳим боқӣ хоҳад монд.

Вазъи мураккаби Афғонистон дар маркази таваҷҷуҳи мо хоҳад буд.

Мо борҳо таъкид карда будем, ки сарнавишт ва ояндаи Афғонистонро бояд худи халқи ин давлат ҳал кунанд.

Мо ҳама иқдомҳои созандаро ҷиҳати танзими раванди музокироти сулҳ дар Афғонистон зикр намуда, умедвори натиҷаҳои амалии кӯшишҳо дар самти ҳаллу фасли сиёсии мушкилоти Афғонистон мебошем.

Бояд ҷустуҷӯи роҳҳои дастгирӣ ва татбиқи лоиҳаҳои ба эҳёи иҷтимоӣ ва  иқтисодии Афғонистон нигаронидашуда идома дода шавад.

Дар ҷараёни раёсати худ мо ният дорем, ки ба кори фаъоли Гурӯҳи тамос “СҲШ — Афғонистон”, аз ҷумла татбиқи харитаи роҳ мусоидат намоем.

Ҳамтоёни муҳтарам,

Дар соли равон мо санаи таърихии ҳафтоду панҷумин солгарди Ғалабаро бар фашизм ҷашн гирифтем.

Дар пасманзари афзоиши чолишҳо ва таҳдидҳои глобалӣ, сабақҳои талхи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ моро ба зарурати ягонагӣ дар ҳифзи сулҳи пойдор, субот, оромӣ ва зиндагии осоиштаи башарият ҳушдор медиҳанд.

Имсол ҷомеаи ҷаҳонӣ боз як рӯйдоди таърихӣ — ҳафтоду панҷумин солгарди таъсиси Созмони Милали Муттаҳидро ҷашн гирифт.

СММ ҳамчун пойгоҳи асосии расидан ба ҳамраъйӣ дар масъалаҳои асосии амнияти байналмилалӣ ва рушди устувор боқӣ мемонад.

Дар доираи раёсати худ Тоҷикистон ният дорад, ки барои таҳкими мавқеъҳои байналмилалии СҲШ кӯшишҳои зарурӣ ба харҷ диҳад.

Мо идома бахшидани таҷрибаи доир намудани чорабиниҳои муштараки сатҳи баландро байни СҲШ ва СММ дар назар дорем.

Ба таҳкими ҳамкории ҳамаҷониба бо давлатҳои нозир ва шарикони муколама, фаъол сохтани ҳамкории амалӣ бо ташкилоти шарики минтақавии  дорои вазифаҳои ба ҳам монанд  кумаки ҳамаҷониба хоҳем расонид.

Ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ дар доираи СҲШ кӯшишҳои зарурӣ ба харҷ хоҳем дод.

Ҳамтоёни муҳтарам,

Бо камоли мамнуният мехоҳам шуморо ба ҳамоиши ҷашнии сарони кишварҳои узви СҲШ, ки баргузории онро мо соли оянда 16-17 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон ба нақша гирифтаем, даъват намоям.

Боварӣ дорам, ки бо дастгирии давлатҳои аъзо ва кумаки мақомоти доимоамалкунанда моро корҳои муштараки пурмазмун интизоранд.

Дар хотима мехоҳам ба ҳама барои табрикоти гарму ҷӯшон ва орзуҳои нек нисбат ба ман ва кишварам миннатдории самимӣ баён кунам.

Ташаккур.

Ноябрь 10, 2020 18:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли пойафзолро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Маркази ташхису табобатии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан марҳилаи дуюми коргоҳи истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои гуногуни ҶДММ «Адл»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли ҷиҳози кӯдаконаи ҶДММ «Адл»-ро ифтитоҳ намуданд