Таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор гардид

Ноябрь 13, 2020 16:52

ДУШАНБЕ, 13.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат, Раиси Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи навбатии Шӯро баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.

Дар асоси рӯзномаи ҷаласа нахуст ҳисоботи Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Шӯро Абдулло Раҳмонзода вобаста ба татбиқи бандҳои Протоколи ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2019, №6/26-93 ва нақшаи кори Шӯро дар соли 2020 шунида шуда, мушкилоти соҳа ва роҳҳои ҳалли он мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи муовинони сарпарасти раисони ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе оид ба фаъолияти соҳа дар маҳал ва тадбирҳои дар ин самт андешида шунида шуда, барои беҳтар намудани фаъолияти шӯроҳои  маҳаллӣ ва татбиқи амалии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.

Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома, нақшаи кори Шӯро барои соли 2021 муҳокима гардида, бо дарназардошти таклифу пешниҳоди аъзои Шӯро он такмил дода шуд.

Ҷаласаи кории Шӯроро муовини Сарвазири мамлакат, Раиси Шӯро Матлубахон Сатториён натиҷагирӣ намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор дод.

Ноябрь 13, 2020 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт