Ташаккул ва рушди кластерҳо дар соҳаи кишоварзӣ. Таҳти ин унвон дар Ваҳдат Конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд

Ноябрь 26, 2020 11:27

ВАҲДАТ, 26.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Ваҳдат  дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди кластерҳо дар соҳаи кишоварзӣ» Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.

Дар конференсияи мазкур олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, намояндагони вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кишоварзони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва муовинони раиси шаҳри Ваҳдат иштирок намуданд.

Дар ҷамъомад олимону кишоварзон дар мавзӯъҳои «Кластеркунонӣ ҳамчун шакли инноватсионии ташкили меҳнат дар кишоварзӣ», «Ҳолати кунунии базаи моддию техникии соҳаи кишоварзӣ ва роҳҳои беҳтаргардонии он», «Технологияи нави боғдории интенсивӣ ва самаранокии он», «Зотпарварӣ ҳамчун омили рушди чорводорӣ» ва «Кластеркунонӣ ҳамчун шакли ҳамгироӣ дар комплекси агросаноатӣ» маърӯза  намуданд.

Директори Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзӣ Хуршед Давлатов изҳор дошт, ки «дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чорвои калони шохдор чорвои ширдеҳи зоти сиёҳало- типи сиёҳалои тоҷикӣ, зоти швитсӣ-типи дохилизотии швитсизебумонанди тоҷикӣ, зотҳои симменталӣ, голштинии пайдоишаш немисӣ, эронӣ ва беларус, аз чорвои гӯштӣ зотҳои қазоқии сарсафед абердин-ангус, қалмиқӣ» ва дурагаҳои онҳо шароле, герефордӣ, инчунин қутосҳо парвариш карда мешаванд. Таҷрибаи чорводории ватанӣ ва ҷаҳонӣ исбот намудааст, ки баланд бардоштани маҳсулнокии ҳайвонро  танҳо бо роҳи беҳтар намудани  корҳои зотпарварӣ ба даст овардан мумкин аст. Барои он, ки хоҷагиҳои чорвопарварӣ бо ҳайвоноти баландмаҳсули зотӣ таъмин бошанд, пеш аз ҳама,  интихоби зоти дурусти чорво ва хоҷагиҳои зотпарварӣ нақши муҳим мебозад».

Дар конференсия зикр гардид, ки равандҳои татбиқи  Барномаи ислоҳоти аграрӣ дар мамлакат бо назардошти  ташаккули  шаклҳои гуногуннизоми  хоҷагидорӣ ҷиҳати рушди устувори  кишоварзӣ натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овардаанд. Барои боз ҳам вусъат бахшидан ба рушди соҳа дар доираи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 бо назардошти таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ташаккули кластерҳои агросаноатӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.

Ноябрь 26, 2020 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад