ТАСС: намоишҳои Фестивали театрҳои хориҷии русӣ дар Интернет беш аз як миллион тамошобин ҷамъ оварданд. Миёни онҳо «Ҳамлет»-и театри ба номи Маяковскийи Душанбе низ ҳаст

Ноябрь 29, 2020 08:44

ДУШАНБЕ, 29.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. II Фестивали театрҳои хориҷии русӣ, ки аз 16 то 22 ноябр дар Москва баргузор шуд, анҷом ёфт. Ҳайатҳои театрии Абхазия, Беларус, Қазоқистон, Молдова, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои иштирок дар форуми байналмилалӣ ба пойтахти Россия омаданд. Ба барномаи фестивал намоишҳо ва барномаи калони таълимӣ, ки аз мастер-классҳо, бахши мубоҳисаҳои корӣ ва намоишгоҳи аксҳои «Театрҳои русӣ дар хориҷа. Дирӯз ва имрӯз» иборат буд, дохил мешуданд. Лоиҳа бо супориши Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия бо дастгирии «Росконсерт» амалӣ мешавад, хабар медиҳад ТАСС.

Намоишҳо дар саҳнаҳои театри «Et Cetera»-и театри Москва бо коргардонии А. Калягин ва театри «Современник»-и Москва ба намоиш гузошта шуданд. Ҳамзамон дар баробари намоиши филмҳо пахши мустақим низ сурат гирифт, ки онҳоро 1 107 185 нафар тамошо карданд.

Қабл аз маросими ифтитоҳ, Ҳунарманди халқии ҶШСФР, раиси Иттифоқи ходимони театрҳои Федератсияи Россия Александр Калягин дар назди иштирокчиён, меҳмонон ва тамошобинони форум суханронӣ намуд. «Фестивал бори дуввум аст, ки баргузор мешавад. Дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ аллакай ба миён омадаанд. Ва ин ҳама бо муҳаббат ба забони русӣ, ба фарҳанги рус офарида шудааст», — тазаккур дод ӯ.

Дар фестивал театрҳои хориҷи наздик намоишномаҳоро аз рӯи асарҳои классикони адабиёти ҷаҳон аз Шекспир то Стейнбек намоиш доданд.

Фестивалро намоиши ягона театри русӣ дар Абхазия — Театри давлатии драмавии русии ба номи Ф. Искандар (ш. Сухуми, Ҷумҳурии Абхазия) ифтитоҳ намуд.

Баъд аз он иштирокчии навбатии фестивал Ордени давлатии Дӯстии халқҳо Театри драмавии русии ба номи В.В. Маяковский (ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон) гардид. Ин яке аз театрҳои машҳури ҷумҳурӣ аст. Он соли 1937 ба кор шурӯъ кард ва Ҳунарманди халқии ИҶШС Георгий Менглет аз асосгузорони он буд.

Тавре дар худи театр мегӯянд, хусусияти асосии фарқкунандаи Театри Маяковский пешоҳангона хондани адабиёти классикии ҷаҳон аст. Ҳайати ин театр ба фестивал намоиши «Ҳамлет»-ро (16+) аз рӯи пйесаи Вилям Шекспир, ки онро коргардон Бодурбек Миралибеков, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лауреати Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи A. Рӯдакӣ ба саҳна гузоштааст, овардаанд. Пйеса мавзӯъҳои муҳаббат, интиқом ва нафси ботиниро дар бар мегирад. Коргардон ва ҳунармандон аз паи мӯд нестанд, аммо замона бидуни иҷоза ба намоиш ворид мешавад ва тасвирҳоро дар партави он ҳақиқатҳои сахт, ки тамошобинони асри 21 шоҳиди он мегарданд, мешиканад. Тамошои онлайнӣ – 211 884.

Сабти пахш барои тамошо инҷо дастрас аст.

ДАР АКС: иштирокчиёни Фестивал. Аз рост якум — Ҳунарманди халқии Тоҷикистон. Лауреати Мукофоти давлатии ҶТ ба номи А. Рӯдакӣ Бодурбек Миралибеков. Аксҳо: © Хадамоти матбуоти Фестивали театрҳои хориҷии русӣ.

Ноябрь 29, 2020 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад