Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ

Ноябрь 18, 2020 19:35

ДУШАНБЕ, 18.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ибтидои суҳбат Амири Давлати Қатар бори дигар табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро ба Пешвои миллат дар робита ба натиҷаҳои интихоботи президентии дар Тоҷикистон баргузоргардида ва аз нав интихоб гардиданашон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.

Дар рафти суҳбат Сарони ду кишвари дӯст вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатарро баррасӣ намуданд.

Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон ба ҳамкориҳои ҷонибҳо, ки бар асоси манфиатҳои муштарак қарор доранд, баҳои баланд медиҳад.

Ҳамчунин ҷонибҳо таъкид карданд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар, аз ҷумла дар бахшҳои гуногуни иқтисод бо шумули соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳи ҳанӯз ҳам дорои захираҳои истифоданашуда мебошанд.

Дар маркази таваҷҷуҳи тарафайн инчунин ҳолат ва ояндаи робитаҳои ду кишвар дар чорчӯбаи сохторҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба ва масъалаҳои умдаи байналмилаливу минтақавӣ қарор доштанд.

Дар ин замина ҷонибҳо оид ба таъсири паёмадҳои глобалии пандемияи КОВИД-19, ки ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст, ибрози андеша карданд.

Қайд гардид, ки Тоҷикистон низ дар вазъияти мавҷуда истисно нест ва тамоми саъйю талоши худро ба пешгирии оқибатҳои он, аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ равона карда истодааст.

Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар ҷиҳати ҳамкорӣ дар мубориза бо ин бемории сироятӣ изҳори сипос намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ба Тоҷикистон даъват ба амал оварданд. Даъвати мазкур аз ҷониби Қатар бо камоли майл пазируфта шуд.

Суҳбат дар фазои самимият, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.

Ноябрь 18, 2020 19:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд