Тоҷикистон ва Шветсия муносибатҳои дуҷонибаро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 17.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия Анн Линде тариқи видеоконфернсия баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Робитаҳои дуҷонибаи кишварҳо ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мавзӯъҳои меҳварии ин суҳбатро ташкил дода, ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба таҳкими бештари ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маориф ва муҳити зист ва дар чаҳорчӯби Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ баён намуданд»,- гуфта мешавад дар хабари Вазорат.
Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба тадбирҳои пешгирии пайомадҳои COVID-19 мубодилаи афкор карда, омодагии худро барои муборизаи муштарак бо ҳамагирӣ иброз намуданд.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ








Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






