ҚУТБНАМОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 06.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бахшида ба 26-солагии Рӯзи Конститутсия дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазир Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар оғоз вазири маориф ва илм М. Имомзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Конститутсия на танҳо як санади ҳуқуқию сиёсист, балки ҳуҷҷатест, ки дар он орзую ормонҳои миллати тоҷик инъикос ёфтааст. Яке аз омилҳои ба миён омадани зарурати қабули Конститутсияи нав дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба шакли ҳокимияти миллӣ гузаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Қабули Конститутсияи навин 6 ноябри соли 1994 барои бунёди мамлакати ободу пешрафта, таъмини амнияту осоиш, сулҳу озодӣ ва инкишофу пешрафти ояндаи кишвари тозаистиқлол замина гузошт. Дар ин санади муҳимми тақдирсоз арзишу манфиатҳои миллӣ, муносибот ва фаъолиятҳо ба танзим ва ҳадду марзи асосии ҳуқуқию қонунӣ барои шаҳрвандони мамлакат мушаххас гардидааст.
Сипас, сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Манучеҳр Сулаймонзода перомуни марҳалаҳои қабул гардидани Конститутсия сухан ронда, аз ҷумла, зикр кард, ки вобаста ба рушду инкишофи ҷомеа дар Конститутсияи ҷумҳурӣ тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки барои боз ҳам фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум мусоидат кард ва ҳамчун қутбнамои ояндаи дурахшони кишвар хидмат мекунад.
Дар охир муовини якуми вазир М. Саломиён таъкид кард, ки Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъмин намуда, дар рушду пешрафти давлатдории навини тоҷикон нақши муҳим дорад.
АКСҲО аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон










Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






