Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори ҷаласаи Ассамблеяи парламентии СААД иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 12.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи навбатии Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) ба таври фосилавӣ (видеоконференсия) баргузор гашт, ки дар кори он вакилони Маҷлиси намояндагон, узви комиссияи мазкур-Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустами Шоҳмурод, вакилон Сарвиноз Маҷидова, Мавлудахон Мирзозода ва Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ширкат варзиданд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Раиси комиссияи доимии Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният Анатолий Виборний баргузор гардид, вакилони парлумонҳои кишварҳои узви СААД масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карда, доир ба масоили ҷорие, ки дар рӯзномаи созмон дар марҳилаи муосир матраҳ гаштаанд, мубодилаи афкор намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи ғайринавбатии комиссияҳои Ассамблеяи Парлумонии СААД», «Лоиҳаи Барномаи фаъолияти Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба наздиксозӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои узви СААД барои солҳои 2021-2025» ва «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Низомномаи муваққатӣ оид ба Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ» (аз 30 марти соли 2007, бо иловаҳои минбаъда) мавриди баррасии ҳамаҷонибаи аъзои ҷаласа қарор гирифт.
Дар назди иштирокчиёни ҷаласаи мазкур Раиси комиссияи доимии Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният Анатолий Виборний, Раиси комиссияи доимии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоию-иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ Игор Лавриненко ва Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустами Шоҳмурод иброз намуданд, ки баргузории ҷаласаи мазкур далели равшани ҳамкории байни давлатҳои аъзои СААД мебошад, ки ғояи асосии он муттаҳидӣ ва якдилии ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон мебошад.
Дар ҷаласа ҳамчунин таъкид карда шуд, ки дар ҷаҳони имрӯза хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла дар минтақаи масъулияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ афзун гардида, тақвияти бештари ҳамгироии давлатҳои аъзои созмонро дар мубориза ба ин зуҳуроти номатлуби аср дар ҳамбастагӣ тақозо менамояд.
Дар интиҳои ҷаласа нақшаи чорабиниҳои бастаи санадҳои нав ба имзо расид, ки он барои баррасӣ зимни ҷаласаи дар пешистодаи Шӯрои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ пешниҳод гардид.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






