Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори ҷаласаи Ассамблеяи парламентии СААД иштирок намуданд

Ноябрь 12, 2020 15:14

ДУШАНБЕ, 12.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи    навбатии Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД)  ба таври фосилавӣ (видеоконференсия) баргузор гашт, ки дар кори он вакилони Маҷлиси намояндагон, узви комиссияи мазкур-Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустами Шоҳмурод, вакилон Сарвиноз Маҷидова, Мавлудахон Мирзозода ва Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ширкат варзиданд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар  ҷаласа, ки таҳти раёсати Раиси комиссияи доимии Ассамблеяи парламентии  Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният Анатолий Виборний баргузор гардид, вакилони парлумонҳои кишварҳои узви СААД масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карда, доир ба масоили ҷорие, ки дар рӯзномаи созмон дар марҳилаи муосир матраҳ гаштаанд, мубодилаи афкор намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур  масъалаҳои «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи ғайринавбатии комиссияҳои Ассамблеяи Парлумонии СААД», «Лоиҳаи Барномаи фаъолияти Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба наздиксозӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои узви СААД барои солҳои 2021-2025» ва  «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Низомномаи муваққатӣ оид ба Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ» (аз 30 марти соли 2007, бо иловаҳои минбаъда) мавриди баррасии ҳамаҷонибаи аъзои ҷаласа қарор гирифт.

Дар назди иштирокчиёни ҷаласаи мазкур Раиси комиссияи доимии Ассамблеяи парламентии  Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният Анатолий Виборний, Раиси комиссияи доимии Ассамблеяи Парламентии  Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоию-иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ Игор Лавриненко ва Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустами Шоҳмурод иброз намуданд, ки баргузории ҷаласаи мазкур далели равшани ҳамкории байни давлатҳои аъзои СААД  мебошад, ки ғояи асосии он муттаҳидӣ ва якдилии ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон мебошад.

Дар ҷаласа ҳамчунин таъкид карда шуд, ки дар ҷаҳони имрӯза хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла дар минтақаи масъулияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ афзун гардида, тақвияти бештари ҳамгироии давлатҳои аъзои созмонро дар мубориза ба ин зуҳуроти номатлуби аср дар ҳамбастагӣ тақозо менамояд.

Дар интиҳои ҷаласа нақшаи чорабиниҳои бастаи санадҳои нав ба имзо расид, ки он барои баррасӣ зимни ҷаласаи дар пешистодаи Шӯрои  Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ пешниҳод гардид.

Ноябрь 12, 2020 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»