Вазири корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кард, ки дар пешбурди муколама бо ҶХДК кумак намоянд

Ноябрь 25, 2020 11:32

ДУШАНБЕ, 25.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Сулҳ дар нимҷазираи Корея калиди шукуфоии тамоми Авруосиё мебошад. Дар ин бора  имрӯз, 25 ноябр, вазири корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ Кан Гён Хва ҳангоми суханронӣ дар Сеул дар 13-умин Форум оид ба  ҳамкорӣ таҳти унвони  «Ҷумҳурии Корея — Осиёи Марказӣ» ибрози назар намуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин  бора агентии Yonhap хабар додааст.

Вазири корҳои хориҷӣ ширкаткунандагонро даъват кард, ки кӯшишҳои Сеулро ҷиҳати ба роҳ мондани муколама бо ҶХДК ва барқарор сохтани  сулҳи пойдор дар минтақа дастгирӣ кунанд. «Сулҳ ва шукуфоӣ дар нимҷазираи Корея — ин инчунин роҳ роҳ ба сӯи сулҳ ва шукуфоии умумӣ дар тамоми қитъаи Авруосиё аст», — зикр намуд Кан Гён Хва.

Вазир иброз дошт, ки сарфи назар аз он ки музокирот бо ҶХДК ба бунбаст афтодаанд, Сеул «қотеъона талошҳояшро барои рафъи хатари ҷанг ва аз силоҳи ҳастаӣ озод намудани нимҷазира идома хоҳад дод». «Бо вуҷуди тамоми мушкилот, мо набояд аз созишномаҳое, ки дар сатҳи баланд  ва саммитҳо байни сарварони ҶХДК ва ИМА ҳосил шуда буданд, даст бикашем. Мо набояд кӯшишҳоро ҷиҳати аз сар гирифтани муколама бо Шимол” қатъ кунем”, — илова намуд Кан Гён Хва.

Дар форум намояндагони баландпояи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дипломатҳои пешбар аз Қазоқистон, Қирғизистон Тоҷикистон, Туркманистон ва  Ӯзбекистон иштирок мекунанд. Тибқи иттилои Yonhap, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамгироӣ дар мубориза бо сирояти коронавирус ва таҳкими ҳамкории иқтисодиро баррасӣ мекунанд.

 ДАР АКС: Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Кан Гён Хва. Акси ТАСС

Ноябрь 25, 2020 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид