ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ҲУШДОР МЕДИҲАД: касоне, ки сигор мекашанд, бемории коронавирусро вазнин мегузаронанд

Ноябрь 19, 2020 11:12

ДУШАНБЕ, 19.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Касоне, ки сигор мекашанд, коронавируси COVID-19-ро вазнин мегузаронанд», — хабар доданд имрӯз ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба Рӯзи байналмилалии тарки тамокукашӣ.

Мутахассисони вазорат тавсия медиҳанд, ки шаҳрвандон дар давраи пандемияи коронавирус аз тамоку даст кашанд ва саломатии худро аз оқибатҳои истифодаи он ҳифз намоянд.

Тазаккур дода шуд, ки тамокукашии дарозмуддат ба бемориҳои узвҳо ва системаҳои гуногун оварда мерасонад, инчунин хавфи маргро аз саратон ва дигар бемориҳо зиёд мекунад.

Тибқи тадқиқот, агар шахс ҳар рӯз 10 дона сигор кашад, пас дар ӯ саратони гурда нисбат ба нафаре, ки тамоку намекашад, якуним маротиба зиёдтар инкишоф меёбад. Агар шахс дар як рӯз 20 ва ё зиёда аз он сигор кашад, хавф ду баробар зиёд мегардад.

Илова бар ин, истифодаи тамоку пиршавии барвақти пӯстро аз 10 то 20 сол ба вуҷуд меорад ва хатари сактаи мағзи сарро 50% зиёд мекунад, ки метавонад ба зиёни мағзи сар ва марг оварда расонад.

«Тамокукашӣ умри мардонро тақрибан 12 сол ва занонро тақрибан 11 сол кам карда, метавонад мардонро ба импотентсия (нотавонии ҷинсӣ) ва занонро ба безурётию саратони гарданаки бачадон гирифтор намояд», — таъкид намуд манбаъ.

 АКС аз манобеи боз

 

Ноябрь 19, 2020 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон