ЯКЕ АЗ ШАСТУ СЕ НАФАР. Содир Ҷабборов номзадияшро ба мансаби президенти Қирғизистон пешниҳод кард

Ноябрь 16, 2020 14:36

ДУШАНБЕ, 16.11.2020/АМИТ «Ховар»/. Сарвазир ва иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизисто Содир Ҷабборов барои иштирок дар интихоботи  президенти  ин кишвар номзадияшро пешниҳод кард. Дар ин бора Хадамоти матбуоти президенти ҶҚ бо истинод ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Қирғизистон хабар медиҳад.  

Хотиррасон мешавем, ки интихоботи президенти Қирғизистон  10-уми январи соли 2021 баргузор мешавад. Бино ба хабари  Комисиияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ,    Ҷабборов санадҳояшро 14-уми ноябр супурд. Вай номзади мустақил аст.

Тибқи   Конститутсияи  Қирғизистон, президент ва ё иҷрокунандаи вазифаи президент дар сурати тасмими иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ    ваколатҳояшро бояд супорад.

Ҳамин тариқ, тавре агентии давлатии итиилоотии «Кабар» бо истинод ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ин кишвар  хабар медиҳад, даври аввали маъракаи интихоботтӣ  — пешниҳоди номзадҳо ба вазифаи президенти Ҷумҳурии Қирғизистон анҷом пазируфт.

Ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 65 нафар  ҷиҳатьи иштирок дар интихоботи президентӣ ҳуҷҷат супоридаанд, аз ин теъдод ду нафар – Б. Бакетаев ва Ҷ. Турғуналиев аризаҳояшонро пас гирифтаанд.

 ДАР АКС: Ҷабборов расман номзадияшро ба мансаби президенти Қирғизистон пешниҳод намуд. Акс аз  facebook.com 

Ноябрь 16, 2020 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид