«БелТА»: Тоҷикистон азм дорад дар давраи раёсаташ дар СААД амнияти дастаҷамъиро тақвият бахшад

Декабрь 3, 2020 10:29

ДУШАНБЕ, 03.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон азм дорад  дар давраи раёсаташ дар СААД дар соли 2021 бо мақсади таъмини зиндагии осоишта ва амн барои мардум амнияти дастаҷамъиро тақвият бахшад. Дар ин бора Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 2 декабр дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД изҳори назар карданд, хабар медиҳад Агентии давлатии иттилоотии Беларус «БелТА».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Россия Владимир Путин барои талошҳои ҷониби Россия дар давраи раёсаташ ҷиҳати таъмини устувории фаъолияти СААД дар шароити мураккаби имрӯза изҳори сипос намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки ҷаҳон бо бархӯрди афзоиши бесобиқаи хатару таҳдидҳо рӯ ба рӯ гаштааст: «Ҳамагирии КОВИД-19  боиси таназзул ва мушкилоти дорои хусусияти иҷтимоиву иқтисодӣ гардид. Он ба зиндагии муқаррарӣ ба таври муассир таъсир расонида, тамоми кишварҳоро водор кард, ки нақшаҳову ниятҳои қаблан муайяннамудаашонро ҷиддан бознигарӣ намоянд. Буҳрони иҷтимоӣ ва молиявию иқтисодие, ки бар асари ҳамагирӣ ба вуқӯъ пайваст, ба нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи афзоиши иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонида, болоравии сатҳи бекорӣ ва таҳдиди амнияти ғизоиро ба миён овард».

Дар баробари ин, Президенти Тоҷикистон тамоюли болоравии  таҳдидҳои ҷаҳонии терроризм, ифротгароӣ, инчунин шаклҳои гуногуни тундгароӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ бо шумули гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро таъкид намуданд. «Неруҳои мухталифи террористиву ифротгаро аз ниятҳои харобиовари худ даст накашидаанд ва дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла бевосита дар наздикии мавзеи масъулияти СААД фаъолона амалҳои худро идома медиҳанд, — изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон. — Дар ин зимн мо бо нигаронӣ рушди ташвишовари вазъият дар Афғонистонро, аз ҷумла дар минтақаҳои шимоливу шарқии он пайгирӣ менамоем».

Ба ақидаи Сарвари давлати Тоҷикистон, чунин вазъият аксуламалҳои саривақтии ҳамаҷонибаро, аз ҷумла тавассути андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳадоти ҷанубии СААД тақозо менамояд. Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар пасманзари вазъияти муташанниҷи имрӯза дар ҷаҳон аҳамияти тақвият бахшидан ба иқтидори СААД ҷиҳати муқовимати самарабахш ба хатару таҳдидҳои амниятӣ дучанд меафзояд. Дар давраи раёсати худ дар СААД соли 2021 Тоҷикистон азм дорад доираи ҳадаф ва вазифаҳои имрӯз дар назди Созмон истодаро тавсеа бахшад.

«Дар роҳи татбиқи онҳо Тоҷикистон ба дастгирии шарикони худ умед мебандад», — зикр намуданд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва илова карданд, ки фаъолияти ҳамоҳангшудаи муштарак такони иловагӣ барои фаъолияти созмон хоҳад шуд.

АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 3, 2020 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон